Сафири ИМА дар Маскав барои машварат ба Вашингтон меравад

Сафири  ИМА дар Русия Ҷон Салливан гуфт, ки дар пасманзари афзоиши таниш дар равобити Вашингтону Маскав ҳафтаи ҷорӣ барои машварат ба ИМА парвоз мекунад. Равобити миёни ду кишвар вориди марҳилаи нави пуртаниш шуд ва президенти ИМА Ҷо Байден  эълон кард, ки барои ҳамлаҳои рахнагарон, мудохила ба интихобот ва таҳдид ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон нисбати мақомоти Русия таҳрим ҷорӣ мекунад. Қазияҳои зиндонӣ шудани мунаққиди Кремлин Алексей Навалний, таҷаммӯи нирӯ дар марзҳои шарқии  Украинаву нимҷазираи Қрим ва дахолати эҳтимолии Русия дар таркиши хунини соли 2014 дар як амбори силоҳи Ҷумҳурии Чех ба ин танишҳо  афзудааст. Сухангӯи сафорат Ребекка Росс рӯзи 20-уми апрел аз номи  Салливан гуфт, “ба ин бовар ҳастам, ки бояд мустақим бо ҳамкорони навам дар маъмурияти Байден дар Вашингтон дар бораи вазъи имрӯзаи равобити дуҷонибаи ИМА ва Русия ҳамсӯҳбат шавам”. Салливан гуфтааст, ки чанд ҳафта баъд, шояд ҳам дар остонаи мулоқоти миёни президентон Байден ва Путин, ба Маскав бар хоҳад гашт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.