Сафири ИМА гуфт, қазияи Навалний танҳо кори дохилии Русия нест

Сафири ИМА дар Русия  Ҷон Салливан изҳороти Маскавро рад кард, ки гуфтааст, қазияи заҳролудкунии мунаққиди Кремлин Алексей Навалний ва ҳукми ҳабси ӯ “танҳо кори дохилии Русия” аст. Салливан, ки 16 феврал аз Маскав ба саволҳои  ТВ «Настоящее время» посух  медод, гуфт, “ИМА манфиатдори доман задани баҳс бо Русия ваё ташвиқ кардани эътирозҳо дар ин кишвар нест”. Дипломати амрикоӣ аз тасмими мақомоти Русия бар асоси қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ” ҳадаф қарор додани матбуот, аз ҷумла, Радиои Аврупо Озод/Радиои Озодӣ интиқод кард ва гуфт, ки ИМА дар андешаи посухи “муносиб” мебошад. Додгоҳе дар Маскав рӯзи 2 феврал сиёсатмадори мунаққиди ҳукумати Русия Навалнии 44-соларо дар нақзи қарори ҳабси шартии додгоҳ аз соли 2014 гунаҳгор кард. Ин дар ҳолест, ки Навалний аз августи соли гузашта, замони заҳролудшавиаш бо як заҳри низомӣ дар Русия ба Олмон интиқол дода шуд ва он ҷо табобат мегирифт. Баъди бозгашташ ба Маскав 17-уми январ ӯ боздошт ва ба 2 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Ӯву тарафдоронаш гуфтанд, ки президент Владимир Путин амр дод, ки ӯ заҳролуд карда шавад. Кремлин ҳама гуна иттиҳом дар заминаи даст доштанаш дар қазияи заҳролудкунии Навалнийро рад мекунад.  

Ҳукми додгоҳ  маҳкумияти ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард ва ҳазорҳо нафарро ба нишони эътироз ба хиёбонҳо баровард, ки бо шеваи шадид саркӯб шуданд.   Бисёр ҳамкорону ёварони Навалний бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ ҳабс ваё ба ҳабси хонагӣ маҳкум шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.