Сафири Италия дар Конго кушта шуд

Вазорати умури хориҷии Италия хабар медиҳад, ки рӯзи душанбеи 22-юми феврал сафири ин кишвар дар Ҷумҳурии демократии Конго дар ҳамла ба корвони Созмони Милали Муттаҳид кушта шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, ҳамлакунандагон қасд доштанд, ки афроди ин корвонро ба гаравгон бигиранд. Ҳодиса субҳи рӯзи душанбе дар шаҳри Гома рух додааст.

Дар ин ҳамла Лука Аттанасио, сафири 43-сола ба ҳамроҳи муҳофиз ва ронандааш ба қатл расидааст. Бино ба гузоришҳо, ҳамлакунандаҳо пас аз мутаваққиф кардани корвон ва куштани ронандаи сафир, қасд доштанд оқои Лукаро бо худ баранд, аммо бо тирпаронӣ аз сӯи ҷангалбонон дар минтақа рӯбарӯ шуданд. Онҳо сипас муҳофизи сафирро низ ба қатл расонданд ва дар идомаи даргириҳо худи сафир низ кушта мешавад.

Мақомоти Ҷумҳурии демократии Конго ҳанӯз муваффақ нашудаанд, ки ҳамлакунандаҳоро шиносоӣ кунанд ва ҳеҷ гурӯҳе ҳам то ба ҳол масъулияти ин ҳодисаро ба ӯҳда нагирифтааст. Дар ин минтақа, ки дар марзи Конго бо Руванда ва Уганда қарор дорад, беш аз 10 гурӯҳи мусаллаҳ фаъоланд.

Ҳамлаи рӯзи душанбе дар ҳамон деҳае сурат гирифтааст, ки дар соли 2018 ду сайёҳи бритониёӣ аз сӯи афроди мусаллаҳ ба муддати кӯтоҳе гаравгон гирифта шуданд. Парки ҷангалии ин минтақа пас аз ин ҳодиса ба муддати 9 моҳ баста шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.