Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар ба Душанбе омад

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро қабул намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд.

Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷониба, аз қабили комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.