Сафири Русия дар ИМА ба кор баргашт

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико субҳи рӯзи 20-уми июн барои идомаи кораш аз Маскав ба Ню-Йорк рафт. Вақте дар як суҳбат Ҷо Байден, президенти Амрико Владимир Путинро “қотил” номид, Русия сафирашро барои “машварат” бозхонд.

Пас аз се моҳ, баъди мулоқоти Путин бо Байден дар рӯзи 16-уми июн дар Женева мувофиқа шуд, ки сафирони ду кишвар ба кор бармегарданд. Ҷон Салливан, сафири Амрико низ пас аз сардии равобит Маскавро тарк карда буд.

Владимир Путин дар нишасти матбуотиаш пас аз мулоқот бо Байден гуфт, ки “масъалаи кори сафирон ҳал шуд”.

Сафири ИМА дар Русия ҳафтаи дигар ба кор бармегардад.

Муносибати ду кишвар пас аз заҳролуд шудани Алексей Навалний, мухолифи Путин ва ошкор шудани изи Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия сардтар шуд. ИМА нисбат ба Русия таҳрим эълон кард ва Русия Амрикоро вориди руйхате кард, ки “дӯстони Русия нестанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.