Сафири Тоҷикистон Назирмад Ализода ба Президенти Қирғизистон эътимоднома супорид

ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал дар Бишкек Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода эътимодномаи худро ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар маросими мазкур Сафири Тоҷикистон ба Президенти Қирғизистон дуруду паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков ба рушди муносибатҳои дуҷониба таваҷҷуҳ зоҳир карда, ба Сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои дипломатӣ муваффақият таманно намуд.

Акс аз сомонаи ВКХ ҶТ

 

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.