Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик таҷҳизот кумак кард

Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик барои ҳифзи марз ба маблағи наздик ба се миллион доллари амрикоӣ таҷҳизот кумак кардааст.

Ин кумакҳо аз радиоҳо, мошинҳои боркаш ва маҷмӯаҳои қисмҳои эҳтиётии “Ҷип J8” будааст.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 4-уми апрел дар хабарномае гуфтааст, ки соли гузашта ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон “18 адад мошини “Ҷип J8” ба маблағи 1,4 миллион доллар тақдим карда буд.”

Кордори муваққатии ИМА дар Тоҷикистон, хонум Уокер дар маросим супурдани таҷҳизот гуфтааст, ки “дар тӯли 20 соли охир мо бо Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо, мубориза бо таҳдиди терроризм, ҷилавгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва экстремизми зӯроварӣ ҳамкорӣ кардем. Ҳамчун далели ҳамкории қавӣ мо ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 60 миллион доллар, ҳамчун кумаки ба соҳаи амният, ҷудо кардем, ки дар давоми ду соли оянда амалӣ ва расонида мешавад. Вақте ки мо барои таҳкими амнияти минтақавӣ якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. Якҷоя мо барои ояндаи дурахшон кор хоҳем кард.”

Сафорати ИМА гуфтааст, ки дар сӣ соли ахир ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст.

Дар умум кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сар аз соли 1992 то кунун 1,8 миллиард доллар будааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.