Сафорати ИМА ба ВКД низоми нави электронии бақайдгирии ҷиноятҳо тақдим кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро тақдим намуд, ки ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона шудааст. 

  • Ба иттилоъи сафорат ин тарҳ бо дархости ВКД аз ҷониби Дафтари байналмилалии мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати ИМА амалӣ шудааст. Он таҳияи нармафзор, хариди сервер ва таҷҳизот, зербинои иртибототӣ  ва омӯзиши идоракунии низом барои 275 корманди ВКД-ро дар бар гирифта, 662 ҳазор доллари ИМА арзиш дорад.

  • Дар назар аст, ки  низоми электронӣ дастрасӣ ба адолати судӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва тақвияти тавонмандии ВКД кишвар мусоидат хоҳад кард. Низоми нав  ба пулис имконият медиҳад, ки сабти ҷиноятҳоро босамартар идора кунанд ва ба иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ иттилооти дақиқ пешниҳод кунанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки ин ташаббус як намунаи ӯҳдадориҳои шарикии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида  бо Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки тавассути татбиқи якҷояи Барномаи милитсияи ҷамъиятӣ амалӣ мегардад.

The post Сафорати ИМА ба ВКД низоми нави электронии бақайдгирии ҷиноятҳо тақдим кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.