Сафорати Русия дар Бишкек: дар ҷангҳои марзӣ шаҳрвандони Русия осеб надидаанд

Сафорати Русия дар Бишкек рӯзи 30 апрел изҳорот дод, ки дар даргириҳои байни Қирғизистон ва Тоҷикистон ягон шаҳрванди Русия осеб надидааст. Аз ин изҳорот ба хабаргузориҳо намояндаи сафорати Русия дар Бишкек Виктор Харченко иттилоъ додааст.

Ин дар ҳолест, ки даҳҳо сокини деҳоти Исфараи Тоҷикистон бар пояи шартномаи душаҳрвандӣ ҳамчунин шаҳрвандии Русияро низ доранд.

“Ҳанӯз ҳеҷ иттилое дар даст нест, ки дар байни қурбониён шаҳрвандони Русия бошанд” гуфт Харченко ба хабаргузории ИТАР-ТАСС. Вай афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир, дар қаламрави Қирғизистон даҳҳо ҳазор шаҳрванди Русия зиндагӣ мекунанд.

Кремлин ва Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи низои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ягон баёнияи рушан надодааст. Сухангӯи ВКХ Русия рӯзи 29 апрел гуфт, «Маскав дар ҳоли омӯхтани вазъ аст». Ин дар ҳолест, ки Узбекистон, Қазоқистон, Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал аз авзоъ дар марзи байни ду кишвар изҳори нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват намуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.