Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён: Шаст ба чил. Атовуллоев. Кабирӣ. Ҳолиқзод

Мунозираи рӯз (нас асру на сол) зери фишори бесобиқаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон баргузор ва пахш шуд.

Амали барои гуруҳе муҳимму барои дигарон камаҳмият, аммо аз воқеъияти рӯз. Онро мешавад инҷо дид: Баҳси Додоҷон Атовулло ва Муҳиддин Кабирӣ. Чаро мухолифин муттаҳид нестанд? 
Аз нигоҳи таҳияву шарту шароити ширкат пурнуқс буд, аммо қолабшикан. Сирф мунозираи бози сиёсӣ набуд, чун масъулин бо ҷалби коршиносон софии форматро халалдор карданду рақибон вақти муяйян барои посух надоштанд. Агар онлойн мешуду 7-10 рӯз пеш эълон мегашт, шояд ҳудуди як миллион тамошобин ҷалб мекард.
 
Барандаи он бо ҳисоби 60 ба 40 Додоҷон Атовуллоев буд. Ҳарчанд ӯ “меҳмони нохонда” буду рақиби рӯзаш тилисмшикани “таҳрими чорсолаи радиои Озодӣ”.
Атовуллоев тавонист, ки ҳамсуҳбаташро ба умумигӯӣ ва ҳатто дурӯғгӯӣ водор кунад. Мутмаинам, ки вокунишҳои ниҳону боз зиёд хоҳанд буд. Заъфи ӯ суҳбат накардан аз таърихчаи таъсиси ИНОТ-2-Паймони миллӣ буд, ки хеле чизҳоро рушан мекард. Мутаасифона, тими “Озодӣ” низ ин мавзуъро рушан накарданд. Аммо Мирзонабии Холиқзод…. аз ӯ поёнтар хоҳам гуфт.
 
Раиси ПМТ ро ҳамон Кабирии соли 2005 дарёфтам. Аз имтиёзҳо ба ӯ дода ба дурустӣ истифода бурда натавонист. Андешаи худтавлидкарда вуҷуд надошту “эффекти обкапак” рӯ зад. Доктор Фрейд зинда мебуд, аз намунаи собиткунандаи назарияш меболид.
Сабаби майли ин сиёсатмадор ба монологҳову суҳбатҳои расонаӣ бо хешовандону тобеъонаш рушан шуд. Ҳайфи 15 соли раисиву вакилӣ ва се соли омодагӣ ба нахустин мунозираи бози сиёсӣ.
Мирзонабии Холиқзод ба ҳайси муҷрӣ ҳамто надошт! Ҳалолашон бод!
Мукофоти 3 ҳазор доллариро аз радио ҳалол карданд. Дасташонро мефишурам.
Агар журнализм кашидани сурати рӯз аст, ҳамин аст.

Ҳамин ҷо, ҳамин соат, барои ҳамин одамон кору эҷод кардан аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.