Сайёфи Мизроб: Чӣ гуна мубталои СОVID-19 шудаму шифо ёфтам

 16.09.2020. Соат ба вақти СССР 11:00 дақиқа. Баъди маҷлиси «пятиминутка», ки зери назари устод Умари Шерхон ҳар сатр, ҳарф, нуқтаву вергул канор намемонаду журналистон аз «Элаки Умарӣ» бехта-бехта мегузаранду он аз соати 9:00 то 11:00 давом мекунад, худамро андаке бад ҳис кардам. Аз бачаҳо ҷавоб гирифта, хона рафтам.

17.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 08:22 дақиқа. Субҳ ба кор баромада натавонистам. Баданам сангин шуд, хеле нороҳат шудам ва ҳаракат қариб надоштам. Табб кардам. Раҳмонов Ҳусейн Эмомович-духтур  ва дӯстам тавсия дод:

-Срочно, исключи КОВИД!-ва бо лафзи модарӣ афзуд- Ташхиси COVID-19 гузар! Ин вирус, ки набошад, табобати сармохӯрдагиро шуруъ мекунем.

17.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 09:37 дақиқа. Ба Маркази беҳдоштии шаҳрӣ (СЭС) рафтам, ки он ҷо ташхиси COVID-19 ройгон ба роҳ монда шудааст. Дарбон, марди солманд, ки мухлиси ашаддии «СССР» будааст, маро бо иззату икром, рост пеши духтурон бурд. Абдувоҳид-муовини сардухтур пешвозам гирифта, ташхиси хун ва сипас аз луоби даҳону гулӯ тест-намуна гирифт.

Абдувоҳид гуфт, ташхиси хун чанд лаҳза пас омода мешавад, вале ташхиси асосии COVID-19-ро тест муайян месозад. Ташхиси хун ним соат пас тоза баромад. Яъне дар хун вирус нест! Вале хурсандии маро Абдувоҳид хатчадор кард, ки гуфт, тест 3 рӯз пас омода мешавад ва танҳо аз рӯи он мефаҳмем, коронавирус ҳастед ё не?

Ин ҷо 1 чиро гуфтаниям, ки тести луҳоб воқеан ҳам дер омода мешавад ва шахси мариз дар тӯли ин 3 рӯз метавонад, сахттарак мариз гардад. Зимнан, бояд аз тестҳое кор гирифт, ки дар они воҳид, маразро муайян месозанд!!!

Ба Истиқлол: Барои КТ

18.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 09:00 дақиқа. Вазъам сангинтар мешуд ва аз рӯи масали «пеши кордон неву пеши корафтода рав!», аз ҳоҳари қиёматиям, Шоирабону Раҳимҷонова, ки чанде пеш ба ин вабо гирифтор шуда буд, маслаҳат пурсидам, ки гуфт:

-Акаҷон! Рост ташхиси рентгении шуш равед. Дақиқан томографияи компутарӣ, маълум мекунад, ки мараз ҳастед ё на?

Рафтам! Ташхис маълум кард, ки дар шушҳоям COVID-19 ҷо гирифта, 10-15% организмро пахш карда меравад…

Хуршед Рустамзода-директори беморхонаи «Истиқлол», фармуд, ки оҷилан ба беморхонаи «-Советский» равам ва афзуд:

-Он ҷо мутахассисони хуб ҳастанд…

Вазири тандурустӣ: Хона равед!

18.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 10:33 дақиқа. Дар роҳ будам, ки Вазири тандурусти ва ҳифзи ичтимоии аҳолии кишвар, ки аз овони донишҷӯӣ сари риштаи дӯстӣ дорем, занг задаву мушаввашона гуфт:

-Шунидам мариз шудаӣ? Куҷо равонаӣ?

Гуфтам ба «1 Советский», ки гуфт, на ба Беморхонаи сироятии Зарафшон рав. Ҳарчанд бемористон дар таъмир ва банд аст, аммо Хуршед Ҳабибзода-сардухтураш табиби касбист ва туро қабул мекунад…

БЕМОРХОНАИ СИРОЯТИИ ЗАРАФШОН

Хоҳиш кардам, ки ронанда, сӯи Зарафшон роҳ пеш гирад. Беморхонаро хеле кофтем. Зеро пешу паҳлӯяш биноҳои баландошёнаи ба ном «Бек Сабурӣ» чун тор танидаанд, ки болнисаро намеёбӣ! Бо азоби алим ва саргардониҳо беморхонаро пайдо карда, пеши доктор Хуршед даромадам. 1 табиби оддӣ, хоксор ва хеле мардумӣ, ки гуфтаи худаш низ мариз шудаву қариб 17 кило лоғар гаштааст. Хулласи калом, ташхиси рентгении маро дидаву гуфт:

-100% коронавирус шудаед. Ғам нахӯред, натарсед, муолиҷаро шуруъ мекунем! Аммо дар хона!!! Зеро дар бемористон метавонед ягон сирояти дигарро низ қаппед. Беҳтарин муолиҷа дар хона ва изолятсия аст. Инро чун мутахассис мегӯям!

Пештоз мегӯям, новобаста аз серкорӣ, Хуршед Ҳабибзода борҳо хонаам омада, ташхису табобатро назорат менамуд ва медонӣ барои чӣ хонанда? Оре, ӯ низ аз хонандагон ва мухлисони «СССР» будааст. Мо Метавонем!

ИЗОЛЯТСИЯ ВА ДОКТОР НИГОРА

18.09.2020. Соат ба вақти Душанбе 12:47 дақиқа. Табобатро оҷилан шуруъ кардам. Воқеан ҳам дар ин кор таваққуф лозим нест. Зеро мараз хеле хатарноктар аз пиндори мост!

Доктор Бибираҷаб (Нигора) Шарипова-мудири бахши лаборатории шаҳраки «Шифобахш», ки бо Шоирабону сари дӯстӣ дорад, омада уколу пуколро сар кард. Пештоз мегӯям, ин бону, дар тӯли 14 шабонарӯз,  рӯзе 3 бор, бо таксӣ омада, маро субҳ, чошт ва шаб пеш аз хоб сӯзандору задаву «капель» монда мерафт ва хоҳ бовар кунӣ-хонанда хоҳ не, ҳатто 1 дирам нагирифт! Ақаллан таксипулияшро доданӣ шудам, ки хафа шуда, гуфт, ман мухлиси «СССР» мебошам ва хидмат ба сардабираш бароям боиси фахр аст! Мо Метавонем!

ХОНАВОДА!!!

Дар ин ҳолати саъб, такяи асосии ҳар бемор, бо шумули банда, хонавода шуда метавонад. Духтарон чун гул болои сарам буданду модар бо писаронаш орувор сари болинам даву тоз доштанд. Албатта, бо риояи фосила ва бастани ниқоб. Ориёна-духтарам, ки дар курси 4-уми факултаи фармасевтика мехонаду дар дорухонае коромӯз аст, ҳар 2 соат ба баъд табамро санҷида, фишорамро дида, дору мехӯронду дигарон бо зӯр хӯрокам медоданд. БОЯД ГУФТ, КИ АВВАЛИ МАРИЗӢ ИШТИҲО «МЕПАРАД», ВАЛЕ ШУМО БОЯД ХӮРЕД ВА МУҲИМТАР АЗ ҲАМА БИСЁРТАР НӮШЕД!!! Ба зӯрӣ!!! Пештоз бояд гуфт, баъди рафъи авҷи вирус чунон пурхӯр мешавед, ки ҳисобаш гум. Вале натарсед ва хӯред. Организм, ки колорияашро гирифт, худ ба режими қаблӣ бармегардад…

ДОРУВОР

Дар бораи COVID-19 навиштану доруворашро наовардан, номумкин аст. Қаблан бояд гуфт, ки дорувор гаронарзишанд ва сипос бар дӯстон, ки бархе аз ҳаббҳоро ройгон ба ман дастрас карданд.

«Цефепим» 1,0 гр бо натрий хлор, 2 бор (7 рӯз) ва сипас 3 бор дохили рагҳо (внутривенно);

«Азитромицин»-550 мг 1 дх1 бор-6 рӯз;

«Кардиомагнил»-150 мг 1 дх1 бор бегоҳ-то ҳанӯз!

«Курантил» 2 донагӣ 3 бор-10 рӯз ва сипас 1 донагӣ 3 бор;

«Бромгексин» 1 дх3 бор -14 рӯз;

«Мукалтин» 1 дх3 бор -14 рӯз;

«Фавипиравир»…Дар бораи ин дору алоҳида мегӯям дар поин, ки асоси табобат аст!!!

«Гриппферон»- 5 қатра ба бинӣ х 2 бор- 5 рӯз

«Дексаметазон» 1,0 як борх3 рӯз (ин агар вазъ беҳ нашуд)

«Амброксол» 1 қошуқ 3 бор-7 рӯз

«Тивартин» (капель) барои иммунитет…

«ФАВИПИРАВИР» ЧИСТ, ЧАНД АСТ ВА ДАР КУҶОСТ?

Баъди оне, ки «Плавикс» таъсираш назаррас набуд, духтурони ВОЗ-Созмони ҷахонии тандурустӣ «Фавипиравир»-ро тавсия додаанд. Ва дар зимн доруфурӯшони «боимону боинсоф»-и мо нархашро боло кардаву худашро «дефитсит» сохтаанд. Қимати «Фавипиравир», мутаваҷҷеҳ бош, хонанда, 1 ҳаб-таблетка 100 сомонист! Ва медонед бояд чанд ҳабб хӯрд? 56 дона!!!

Рӯзи аввал 8 ҳабро бояд якбора, дар субҳ, бо навбат ва бидуни фосила нӯшид ва бегоҳ боз 8-донаи дигарашро. Яъне дар рӯзи аввал 16 дона бояд хӯрд. Дигар рӯзҳо 4 дона субҳу 4 дона шом, яъне 8-донагӣ…Дар ҷамъ 56 дона ва бо маблағи 5600 сомонӣ…

Сипос аз дӯстон ва мухлисони «СССР», ки ҳарчанд хабари маризиямро фош накардам, аммо аз куҷое дарак ёфтаву маҳз ҳамин «Фавипиравир»-и камчинро ёфта оварданд ва ройгон… Худо хайрашонро ба даргоҳаш қабул кунад…

«РЕФЕРАНТ» ВА ХУН…

Воқеан ҳам барои лахташавии хун бояд ҳатман аз ташхис гузашт. Зеро коронавирус маҳз хунро сахту лахт мекардааст. Маро низ ба Лабороторияи ташхиси хун бо номи зебо ва гӯшнавози «Реферант», воқеъ дар Қарияи Боло («Шифобахш») равон карданд. Пештоз бубояд гуфт, ки ин ташхисгоҳ ба шаҳраки «Шифобахш» вобастагӣ надорад. Нархномаи «Реферант»-ро дида, ҳуш аз сарам парид. Хулласи калом бо пардохти 386 сомонӣ ташхис гузаштам. Худоро шукр, хун лахт нашуда будааст, зеро то ин дам ман тез-тез «Кардиомагнил» ё  «Аспирин-кардио» мехӯрдам. Шумо ҳам хӯред. Зарар надорад.

COVID ШӮХӢ НАДОРАД, МАРДУМ!!!

Ман дар пӯсту гӯшту хуну бадани хеш дарк кардам, ки COVID воқеан ҳам вируси сунъист! Зеро хеле хирадманд ва баақл аст!!! Бовар намекунед? Ман низ бовар надоштам, то даме, ки худ мубтало нашудам. Зеро ин вирус «разведчик»-ҷосус дорад, ки аз организм информатсия ҷамъ карда, ба штаби худ-шуш мерасонад ва аз он ҷо армияи коронавирус ба нуқоти заъфи бадан ҳуҷум мекунад!!!

 

«РАЗВЕДКА БОЕМ!!!»

Нафароне, ки дар Армияи Советӣ хизмат кардаанд, медонанд, ки ин ибора чӣ маъно дорад. Яъне солдатҳои вежа аввал ба ҷосусӣ мераванд, чанд нафарро асир мегиранд, «забон» меёбанд, мавзеъи заъфи рақибро тафтиш мекунанду сипас лашкар ба ҳуҷум мегузарад. Микробҳои коронавирус низ айни корро мекунанд:

Шаби нахустин онҳо ба пойҳои ман ҳуҷум карданд. Ман ҳини дар Университети Санкт-Петербург хондан, футбол мезадам ва боре, баъди ҳуштаки хатми бозӣ (худамро таъриф кунам хонанда? Он рӯз ман 3 гол зада ғалабаи дастаро таъмин карда будам!), арақшор худро бар қуми лаби Халиҷи Фин партофта «дам» гирифтам. Дар натиҷа 2 поям нам кашида, аз зону поин, ҳудуди 1 моҳ, аз кор монд. Табобат гирифтам ва он дардро аслан фаромӯш карда будам. Ан-неъ! Коронавирус ана ҳамон нуқтаи заъфро ёфта, 48 соат ғамам дод. Разведчикҳои вирус ба поям даромада, сахт фишор меоварданд ва макони амн барои худ меҷустанд. БО КӮМАКИ «ВАННАҲОИ ГОРЧИЧНИКӢ» ВА ОБИ ГАРМУ МАССАЖ ОНҲОРО АЗ ОН ҶО ДАФЪ КАРДАМ.

Баъди шикаст хӯрдан дар пойҳо, разведкаи коронавирус ба…дасти ростам даромад-ин дастам 1 пай-шрами бузург дораду модарам мегуфт, дар 6-моҳагӣ ҷарроҳӣ шуда будам!!! Ана ҳамон нуқтаро низ COVID ёфт!!! 2 рӯзи дигар дастобагиребон бо дастам гардид. Хушбахтона дафъ шуд!!!

Дар кӯдакиву наврасӣ бо шӯхиву бозӣ 1-2 захми корд низ хӯрдаам, разведкаи COVID  ба ман ҷои ҳамаи он захмҳоро нишон дод, зеро вориди онҳо шудаву кову шӯр мекард, ки ҷои пой ёбад. Хушбахтона, муяссараш нагашт!!! Хонаамон дар стансияи Роҳи Оҳан буду боре, дар синфи 8 хонданам, маро қатора зад. Аз тарафи гӯши рост ва сарам. Разведкаи коронавирус 3 рӯз бештар ба он ҷо ҳуҷум карда, ба ибораи маъруф «сарамро вайрон» кард! Вале тирашон хок хӯрду ронда гардиданд!

Заъфи аз ҳама муҳими банда дил аст, ки хонандаи ҳамешагии мо медонад, 10 сол пеш қалбам ҷарроҳӣ шуда буд. Ана рӯзҳои дигар, ин вирус разведкаашро дар ин қалб таҷаммуъ карда, ҳатто лашкарашро низ фиристод! Аслан фикр накунед, ки аз тарс мардум нуқтаҳои заъфашонро гирифтор мекунанду мариз мешаванд. Неъ! Ин вирус худ ана ҳамон нуқтаҳоро кофта меёбад!!! Хушбахтона ман чанд ҳабби қалбро пайваста ва ҳамарӯза истеъмол мекунам, мисли;

«Лозартан-100»:

«Биспролол» – 5мг;

«Кардиомагнил»-75 ва;

«Аторвастатин»-40 мг…

Таъсири ҳамин давову дору буд, ки коронавирус аз ин мавзеъ низ бадар шуд…

ТАРС ВА COVID

Ҳини маризӣ ба ин вирус аксарият 1 маслиҳат медиҳад: коронавирус, ки шудӣ-натарс! Ва мегузарад!!! Банда тарсончак нестам ва набудам! Вале COVID-19 худ тарс мекорад. Ва тарс аз марг не. Одам ба галютсинатсия-ваҳмаки хаёлӣ банд мешавад (инро аз таҷруба мегӯям!). Шахсан гоҳо ба назари ман меомад, ки касе сари роҳам истодааст ва ё нафаре оҳиста ба хона хазида медарояд ва ё сӯям касе ҳуҷум карданист. Ин ҳама галютсинатсия аст, ки баъди рӯзи 14-18-уми табобат гум мешаванд. Зимнан худро ба даст гиред ва ҳаросро ба дил роҳ на. Мо Метавонем!

УСУЛ ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТ

Мардуми мо аҷаб боақл аст! Мариз, ки шудӣ, насиҳату панду андарзаш дар нӯки забон. Фикр мекунӣ, ҳама Ибни Синост:

-Тез-тез ба ҳавои тоза баро, ба порк рав, қадам зан, худатро напарто ба ҷойхоб, ба касал тан надеҳ, худро зӯр гир, машқ кун ва дар мавриди коронавирус 1 панди тамоман зиддиуфунӣ пешкашат месозанд-машқи нафас кун!!! Яъне чуқур-чуқур нафас гирифта, дастонатро болову поин андохта, роҳи нафасу шушҳоро тоза кун… Хонандаи гиромӣ! Аслан ин корҳоро НАБОЯД кард!!!

Сипос ба докторони маъруфи Тоҷик, Ҷамолиддин Абдуллозода, Хуршед Ҳабибзода, Ҳусейн Раҳмонов, Хушвахт Шарифзода, ки чун аз вазъам огаҳ шуданд, қотеъона дархост карданд, ки:

-Ягон хел машқ накун, берун набаро, ҳатто 1 ошёна нафуро, сайру сайёҳатро мавқуф гузор, қадам назан, машқи нафасу пафас манамо. Ва афзуданд, ки Коронвирус организмро тахриб мекунад, зимнан энергияи боқимондаро БОЯД ЭКОНОМ кард!

ТАБОБАТИ БОБОӢ

Ана ин корро бояд ҳатман кард! Сирпиёз истеъмол кунед, испанд дуд дозед, ҳавои хонаро 2-3 бор тоза намоед, бо намакобу содаоб (пищевая сода) ҳатман ғар-ғара кунед. Ва муҳимтар аз ин ҳама, 1 усули табобат, ки шахсан ба ман хелеее кӯмак кард:

-1 қошуқ содаро дар 200 грамм оби ҷӯшомадаи андаке сардгашта (комнатная температура) ягон 3 дақиқа кобед ва бо чунин усул ғар-ғара кунед:

1. 3 бор гулӯро тоза созед;

2. 3 бор даҳону дандону лабонро;

3. Ва муҳимтарин кор, ки он қадар ба табъатон рост намеояду аммо хоҳам навишт, зеро ҳатман лозим мешавад-3 бор 1 кафи оби содаомезро ба пати бинии тарафи чап гирифта, тарафи рости биниро бо ангушт маҳкам фишурда, чуқур фурӯ баред. Ин об ҳатман бояд (!!!) аз сӯрохи бинӣ гузашта, тавассути ҳалқатон бо даҳон берун ояд! Ҳамин корро 3 бори дигар бо пати бинии рост кунед. Протседураи хеле дилбеҳузуркунанда аст, хонандаи ман, вале баъди рӯзи дуввуми чунин усули табобат, худ шоҳид мешавед, ки мисли оби содда, ягон «Красная Звезда»-ву ҳаббу доруи биничакак нафасатонро роҳату фароғату осонбаро намекунанд!!!

ИШТИҲО

Аксарият мазза ва таъму бӯйро гум мекунанд. Вале на ҳама! Шахсан ман маззаву таъму бӯро гум накардам, вале ин маъное надорад, ки шумо касал нестед. Дар рӯзҳои аввал иштиҳо комилан мепарад. Вале шумои азиз кӯшиш кунед, ки бисёртар хӯред ва нӯшед. Медонам, аз таҷруба, ки хеле мушкил аст, дилу бедилон чизе хӯрдан. ВАЛЕ БОЯД ХӮРД! Ҳама чиро хӯред, илло АНГУР ВА ХАРБУЗАРО, ки зарар доранд.

Охири ҳафтаи 2-и табобат иштиҳоятон чунон қозгир мешавад, ки сангу кулӯхро низ фурӯ мебаред!!! Натарсед ва чизе, ки ёфтед, ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ «печонед!»…

Бовар дорам, ҳар нафаре бо усули фардии хоса шифо ёфтааст. Ман барои он ин усулу роҳи шифоямро гуфтам, ки худ, иншооллоҳ, вораҳидам ва мехоҳам тамомии хонандагон, аъзои Ихвон ал «СССР» низ вораста бошанд. Усули табобати ман пешниҳоди ҳатмии шифо нест, танҳо характери тавсиявӣ дорад.

Худо тамомии бандагони солеҳу солеҳа, боимону беимон, мусалмону габру бутпараст, одамони хубу бад, дӯсту душмани моро аз варта, аз ин бало, аз ин вабо эман нигоҳ дорад. Омин ё раб – ул- оламин!!!

Мо Метавонем!!!
Сайёфи Мизроб, “СССР”

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.