Салиби Сурх Еревану Бокуро ба табодули асирону ҷасадҳо даъват кард

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх аз Арманистону Озарбойҷон даъват кардааст, табодули асирону ҷасади кушташудаҳо дар натиҷаи задухурдҳои Қарабоғи Куҳиро зудтар ба анҷом расонанд.

“Мо ин масъаларо то имрӯз бо ҷонибҳо баррасӣ дорем. Вале ҳоло ҳеч гуна созише ҳосил нашудааст, ки ба мо имкони оғоз кардани табодулро бидиҳад”,-гуфтааст мудири минтақавии кумита дар Авруосиё Мартин Шуэпп ба хабаргузории “Reuters”.

Ба гуфтаи ӯ, гуфтугӯҳо бо ҷониби Арманистон ва Озарбойҷон идома доранд. Шуэпп изҳори умед кард, ки ҷонибҳо шартҳо барои анҷоми табодулро иҷро хоҳанд кард. Вай ҳамчунин даъват кард, ки амнияти кормандони кумита бояд кафолат дода шавад.

Арманистону Озарбойҷон қаблан барои эъломи оташбас дар минтақаи Қарабоғи Куҳӣ аз нимаи рӯзи 10 октябр ба созиш расида буданд. Ҷонибҳо гуфтанд, ин оташбас ба далоили “башардӯстона” ба хотири табодули асирону ҷасадҳо бо миёнаравии Салиби Сурх эълом шуд, вале дертар боз якдигарро ба нақзи оташбас айбдор карданд.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.