Санҷар Ҳошимӣ

Журналист. Идорӣ. 
Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими Душанбе гаштааст.

Ҳошимӣ соли 2008 бо қасди муҳандис шудан ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи техникии ба номи академик М. Осимӣ супорида, пас аз 1,5 соли таҳсил, бинобар сабаби писанд наомадани касби муҳандисӣ, донишгоҳро тарк мекунад. Соли 2010 ба Шӯъбаи рӯзноманигори телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода дохил шуда, онҷоро ба баҳои аъло ба итмом мерасонад.

Номбурда ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ бо телевизион ва рӯзномаҳои кишвар ҳамкорӣ карда, чандин сюжету мақолаҳо низ нашр кардааст.
Ҳошимӣ соли 2015 пас аз хатми Мактаби журналистикаи назди Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, барои кор дар ин марказ ҷалб шуда, шаш моҳи аввал чун хабарнигори сомона ва ҳафтаномаҳои «Фараж» ва «Самак» кор кардааст. Аз тобистони соли 2015 масъулияти сармуҳаррири сомонаи «Фараж» ро бар ӯҳда гирифта, як сол дар ин вазифа фаъолият кардааст. Беш аз 40 мақолаву маводҳояш дар матбуоти даврии кишвар ба нашр расидаанд.

Дар баробари фаъолият ҳамзамон дар тренингу омӯзишҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбиаш ширкат кардааст.

Ҳошимӣ таҳсилдидаи Мактаби журналистикаи замонавии Академияи САҲА дар Бишкек ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон асри 21» дар Душанбе аст.

Номбурда тирамоҳи соли 2016 ба ҳайси хабарнигор дар «Радиои Озодӣ» фаъолият карда, пас аз 1,5 моҳ бо сабаби айнӣ корро бас мекунад. Аз январи соли 2017 дар «Телевизион Тоҷикистон» фаъолияти рӯзноманигориашро идома медиҳад. Вай муаллифи барномаҳои таҳлилии «СТАНДАРТ» ва «ВОҚЕИЯТ» буда, ҳамзамон барои барномаи иттилоотии «ТОҶИКИСТОН» низ гузоришҳои махсус омода кардааст.

Ҳошимӣ аз тобистони соли 2018 муқими кишвари Лаҳистон буда, вазифаи Директори иҷроияи «Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик» ро бар ӯҳда дорад.
Ҳамзамон аз масъулони тарҳи “МедиаМаркер” мебошад.
Донандаи забонҳои лаҳистонӣ, русӣ ва инглисӣ аст. Машқи шеър мекунад.
Оиладор, соҳиби як духтар мебошад.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.