Саратови Русия парвозҳо ба самти Тоҷикистонро барқарор мекунад

Шаҳри Саратови Русия бо Тоҷикистон парвозҳояшро барқарор мекунад. Дар ин бора раҳбари минақавии Роспотребнадзор хабар додааст. Интизор меравад, нахустин парвоз аз ин шаҳр бо риояи қоидаҳои беҳоштӣ ба Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн тавассути ширкати «Сибир» сурат бигирад.  Русия аз 1-уми апрел ба парвозҳои маҳдуди доимӣ бо Тоҷикистон расман иҷозат дод. Ҳамзамон парвозҳои чартерии ширкатҳои русӣ байни шаҳрҳои ин ду кишвар идома доранд.  ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.