Сардор Бердимуҳаммадов раҳбари ояндаи Туркманистон мешавад?

Писари 39-солаи президенти худкомаи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ахиран бо раҳнамоиаш дар ҷашнвораи Рӯзи байналмилалии асп ва сагпарварӣ ба овозаҳо дар бораи ҷойгузини падараш шудани ӯ сабаб шудааст. Имсол президенти 64-солаи Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба чанд мансаби калидӣ таъин кард. Ҳамчунон Сардор Бердимуҳаммадов унвони “Сагпарвари шоистаи Ҷумҳурии Туркманистон” ва раиси Иттиҳоди аспу сагпарварӣ дар ин ҷумҳурии Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Чанде пеш падари 89-солаи президенти Туркманистон вафот кард. Баъд аз он тахмину овозаҳо пайдо шуд, ки Бердимуҳаммадов шояд писарашро барои курсии раҳбарӣ омода хоҳад кард. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.