Сардори пулиси Оқсуи Қирғизистон баъди эътирози сокинон барканор шуд

Полковники милитсия Шекербек Тангиров аз мақоми сардори пулиси ноҳияи Оқсуи вилояти Ҷалолободи Қирғизистион барканор шуд.

Дар Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфтанд, ки Тангировро баъди эътирози наздики 300 сокини маҳаллӣ аз вазифааш сабукдуш карданд. Ба иттилои хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, сокинони Оқсу 4-уми январ ба нишони эътироз роҳи мошингарди Ала-Бука – Чаткал – Ҷалолободро бастанд.

Сокинони Оқсу баъди он даст ба эътироз заданд, ки пулис наздикони онҳо – Кутман, Тургун ва Жилдиз Шодибековҳоро бо гумони латтукӯб ва куштори сокини маҳаллӣ Уланбек Жаманкулов дастгир кард.

Занозанӣ дар ҷараёни тазоҳуроти 7-уми октябри соли 2020 дар шаҳри Кербени Ҷалолобод сар зад. Тазоҳургарон истеъфои ҳокими шаҳр Эсеналӣ Ормоналиевро талаб карда буданд. Ин талаб дар ҷараёни тазоҳуроти 4-уми январ ҳам садо дод. Бино ба баъзе маълумотҳо, ҳоким барои истеъфо додан аризаи худро пешниҳод кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.