Сардухтури Алмато: вазъи эпидемиологии шаҳр вазнин боқӣ мемонад

Сардухтури беҳдоштии шаҳри Алматои Қазоқистон Жандарбек Бекшин рӯзи 7-уми январ гуфт, вазъи эпидемиологӣ дар шаҳр “вазнин” боқӣ мемонад.

Ба гуфтаи Бекшин, шумори ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавируси нав дар шаҳр дар давоми се моҳи ахир 14 баробар афзоиш ёфта, танҳо дар шаш рӯзи аввали моҳи январ 700 ҳолати нав ошкор шудааст. Шумори мубталоёни нав дар давоми як рӯзи ахир ба 105 мерасад.

Ҳамчунин 13 ҳолати дигар дар миёни нозирони интихобот ва аъзои комиссияҳои интихоботӣ ошкор карда шудааст.

“Онҳоро аз кор ҷавоб доданд. Ба ҷояшон шахсони дигар ҷалб мешаванд”, – изҳор дошт сардухтури Алмато.

Бар асоси пешбиниҳои сардухтур, интизор меравад моҳи равон дар Алмато 4500 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ошкор шавад. Ӯ аз сокинони шаҳр даъват кард, ба ҷойҳои серодам нараванд ва ниқоб пӯшанд.

Дар Қазоқистон аз аввали пандемия то ба ҳол 159 819 кас ба коронавируси нав мубтало шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.