Сарнавишти норӯшани Мулло Бародар, муовини раиси ҳукумати “Толибон”

Зоҳиран изҳороти “Толибон” дар бораи зинда будани мулло Абдулғанӣ Бародар суолҳо оиди сарнавишти муовини раиси ҳукумати “Толибон” ва ихтилоф миёни раҳбарони ин гурӯҳи тундгарои исломиро, ки мехоҳад аз як гурӯҳи ошӯбгар ба ҳукумати Афғонистон мубаддал шавад, бештар кардааст. Овозаҳо зиёданд, ки мулло Бародар ҳангоми баҳс бо яке аз раҳбарони “Толибон” кушта шудааст. “Толибон” ҳамчунон ҷой доштани ихтилоф дар байни раҳбарони ин гурӯҳро рад мекунанд. Ба гуфти сухангӯйи “Толибон” Шоҳин Суҳайл, мулло Бародар аз Кобул ба Қандаҳор сафар кардааст. Нашри навори садо ва аксҳои мулло Бародар сару садоҳо дар бораи сарнавишти норӯшани ин муовини раиси ҳукумати «Толибон»-ро бештар кард. Бар илова 12-уми сентябр дар Кобул ҳангоми пазироии вазири корҳои хориҷии Қатар мулло Бародар ҳузур надошт. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.