Сарояндаи тоҷик Фахриддин Ҳакимов дар “Х-Фактор” ба финал баромад

Фахриддин Ҳакимов, варзишгар ва овозхони тоҷик, ки айни замон дар озмуни “Х-Фактор”- и Белорусия ширкат дорад, ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфт. Ҳунарномии ӯ ин навбат низ ҳакамон ва тамошобинонро ба ваҷд овард.

Марҳилаи навбатии озмун, дирӯз, 14-уми ноябр дар тамрингоҳи довталабони озмуни “Х-Фактор” баргузор шуд. Дар он 48 иштирокчиён ширкат карданд ва 14 нафарашон ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, ки яке аз онҳо Фахриддин Ҳакимов буд.

Фахриддин дар ин марҳила таронаи маъруфи “Uptown Funk” сароянда ва продюсери бритониёӣ Марк Ронсон ва овозхони амрикоӣ Бруно Марсро иҷро кард.

Ҳангоми иҷрои ин суруд тамошобинон аз ҷой хеста кафкӯбӣ намуда, Фахриддинро ҳамовозӣ карданд. Инчунин аъзои ҳакамон низ аз ҳунарнамоии навбатии ӯ дар ҳайрат монданд.

Акнун Фахриддин дар финал таҳти роҳнамоии мурабби Сергей Пархоменко, маъруф бо лақаби Серёга ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Қаблан, Ҳакимов бо иҷрои суруди “Рақс болои шиша” ё худ “Танцы на стеклах” – и ҳунарманди маъруфи рус Максим Фадеев қалби мухлисон ва ҳакамонро тасхир карда буд.

Он замон яке аз доварон Олга Бузова гуфта буд, ки таасуроташро наметавонад бо сухан баён кунад. Серёга, ки ҳоло мурабии Фахриддин мебошад гуфта буд: “Иҷрои суруд хеле ҳаяҷонбахш буд, Ҳакимов ҳатто аз Фадеев ин сурурдро беҳтар хонд”.

Ин аввалин баромади Фахриддин Ҳакимов дар саҳнаи калон набуда, ӯ чанд сол қабл бо иштирокаш дар барномаи “Ну-ка, все вместе”, аз 100 холи имконпазир 91 холро ба даст оварда буд.

«Ман тасмим гирифтам, ки тамоми қувваи худро ба мусиқӣ сарф кунам. Мехоҳам ҳунарманди маъруф шавам, то маро дар ҳама ҷо шунаванд. Мардум дар бораи тоҷикон чунин тасаввуроте доранд, ки онҳо танҳо сохтмонро медонанд, аммо ман имрӯз мехоҳам бо ҳунарнамоии худ исбот кунам, ки мо метавонем кишвари худро дар саҳнаҳои гуногуни мусиқӣ ва саҳнаҳои калон ба таври кофӣ муаррифӣ намоем”, – гуфта буд Фахриддин дар озмуни “Ну-ка, все вместе” дар шабакаи телевизионии “Россия-1”.

Фахриддин зодаи Истаравшан мебошад. Мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм карда, сипас ба Русия, ба шаҳри Иркутск рафт. Аз хурдӣ ӯ ба варзиш машғул буд: аввал, футбол ва сипас гуштии юнониву румӣ. Дар Русия ӯ Иркутскро дар мусобиқаҳои умумироссиягӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекард.

Сообщение Сарояндаи тоҷик Фахриддин Ҳакимов дар “Х-Фактор” ба финал баромад появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.