Сарвари давлат: «Қаҳрамони сулҳу Ваҳдати миллӣ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад»

ДУШАНБЕ, 26.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ тазаккур доданд, ки дар натиҷаи қабул ва амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ муяссар шуд, ки бо кумаку дастгирии самимонаи мардуми шарифи тоҷик ҷомеа ва давлат аз буҳрони вазнини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ раҳоӣ ёбад ва масири инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон муайян гардад.

Бинобар ин, Пешвои миллат имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз намуданд, ки таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ хизмати бузургу таърихии халқи тоҷик аст ва қаҳрамони сулҳу Ваҳдати миллӣ низ танҳо халқи Тоҷикистон мебошад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.