Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафари корӣ намуд

ДУШАНБЕ, 01.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои  ободонию бунёдкорӣ, ифтитоҳи деҳаи навбунёд, бунгоҳи тиббӣ ва синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №29 ба ноҳияи Хуросон сафар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 14-16 майи соли равон бар асари офати табиӣ деҳаҳои Неъматулло Асадулло ва Анҷумани 18 – уми ҳизби Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон хароб гардида, манзилҳои зисти 67 оила зиён дида буданд.

Аз рӯзҳои аввал бо супориши Пешвои муаззами миллат ба мардуми зарардида кумак расонида шуд ва онҳо бо масолеҳи сохтмонию  маводи ғизоӣ пурра таъмин гардиданд. Давоми ду моҳ барои 67 оила хонаҳои истиқоматӣ бунёд ёфта, дар онҳо ҳама шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон боздид карда, бо сатҳу сифати хонаҳои навбунёд шинос шуданд ва бо сокинон суҳбат намуданд. Инчунин онҳо сокинонро барои ободу зебо гардонидани кӯчаву маҳал ба истиқболи 30-солагии Истиқлолтияти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд.

Ҳамчунин Сарвазири мамлакат аз синфҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии №29 ва ҷараёни дарсҳо дидан намуд.

Сарвазири мамлакат зимни сафар аз ҷараёни нашъу намои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан намуд.

Қоҳир Расулзода масъулони вилоят ва ноҳияро вазифадор намуд, ки барои ҷоннок намудани тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ тадбир андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода намоянд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.