Сарвазири Чех гуфтаҳои президенти ин кишварро рад кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Cарвазири Ҷумҳурии Чех суханони президенти кишвар Милош Земанро дар бораи ҷой доштани ду версияи таркиши соли 2014 -ро, ки суханронӣ ба фоидаи Русия  арзёбӣ шуд, радд кард. 

  • Сарвазири Чех Андрей Бабис таъкид кард, ки мақомоти кишвараш танҳо як версияи таркиш дар Врбетитсаро баррасӣ мекунанд, ки  он ҳам дахолати хадамоти махсуси Русия мебошад. Ҳамин тариқ, ӯ суханони президенти ин кишварро комилан радд намуд.
  • Дар суханронии рӯзи якшанбе Милош Земан гуфта буд, ки дар бораи сабабҳои таркиш дар Врбетитса ду версияи асосӣ мавҷуданд – муносибати беэҳтиётона бо лавозимоти ҷангӣ ва ҷалби эҳтимолии хадамоти махсуси хориҷӣ. Вай қайд кард, ки далелҳои ҳузури ҷосӯсҳои Русия дар анбори лавозимоти ҷангӣ “дар гузоришҳои кашшофӣ набуданд”.
  • Вазири корҳои дохилии Чех Ян Гамачек низ аз мавзеъгирии  Земан интиқод кард ва гуфт, ки кӯшиши шарҳи “чунин парвандаи душвор” дар як суханронӣ дар ҳашт дақиқа “бефоида” буд ва танҳо “Маскавро шод кард”- менависад “Мавҷи Олмон”.  Сарвазир Андрей Бабис бо андешаи Гамачек розӣ шудааст ва пас аз мулоқот бо президент рӯзи душанбе тасдиқ кард, ки мақомоти Чехия танҳо як версияро баррасӣ мекунанд.
  • Ин ҳам дар ҳоле, ки чанде пештар  Чехия ҳукумати Русияро дар ташкили  таркишҳои соли 2014 дар анбори лавозимоти ҷангӣ дар деҳаи Врбетитса, ки боиси марги ду нафар шуда буд, муттаҳам кард.
  • Сарвазири Чехия Андрей Бабиш онро  “як ҳамлаи террористии бесобиқа” -ро эълом кард. Кремлин иттиҳоми Прагаро рад кард, вале ҳич далеле пеш наовард, ки натиҷаҳои тадқиқоти рӯзноманигории омилони ин таркиш фошкардаро зери суол барад.

  • Дар пайи ин иттиҳомот  Чех нахуст 18 дипломати русро аз ин кишвар ихроҷ кард ва Русия дар посух 20 дипломати чехро ихроҷ кард. Пас аз он Ҷумҳурии Чех дар бораи ихроҷи чанд даҳҳо корманди дигари намояндагиҳои дипломатии Русия хабар дод.
  • Вазири корҳои хориҷии Чехия Якуб Кулганек гуфт, ки шумораи сафоратхонаи Русия дар Прага бояд то охири моҳи май ба андозаи намояндагии дипломатии Чехия дар Маскав коҳиш дода шавад. Баъдтар ӯ тавзеҳ дод, ки ҳафт дипломат ва 25 корманди маъмурӣ ва техникӣ дар сафорати Чехия дар Маскав хоҳанд монд.
  • Ёдовар мешавем, ки тадқиқоти рӯзноманигории як гуруҳ расонаҳои урупоӣ собит кард, ки таркиши соли 2014 дар Чехия кори дасти хадамоти махсуси Русия буда, онро ҳамонҳое амалӣ кардаанд, ки дар суиқасди Солсбери ширкат доштанду ба Чех бо шиносномаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Молдова сафар доштаанд. Мақомоти Тоҷикистон додани ин шиносномаро рад карданд.

The post Сарвазири Чех гуфтаҳои президенти ин кишварро рад кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.