Сарвазири Исроил ба Имороти Муттаҳидаи Араб сафар мекунад

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил рӯзи 11-уми март нахустин сафари расмии худро ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аҷном медиҳад. Ин аввали бор пас аз оддисозии робитаҳои Иморот ва Исроил дар шаш моҳи ахир аст, ки Иморот мизбони расмии нахуствазири Исроил хоҳад буд.

Ба навиштаи расонаҳо, интизор меравад, ки Нетаняҳу бо валиаҳди Имороти Муттаҳидаи Арабӣ Шайх Муҳаммад бин Зоид Ан-Наҳён дар фурудгоҳи Абу Забӣ мулоқот кунад ва худи ҳамин рӯз ба Исроил баргардад.

Дафтари нахуствазири Исроил таъйид кардааст, ки Нетаняҳу ба унвони меҳмони расмии валиаҳди Иморот мулоқот хоҳад кард. Ин сафар аз қабл тарҳрезӣ шуда буд, аммо бинобар пандемияи фарогири коронавирус ба таъхир афтод.

Бо миёнҷигарии Амрико, Исроил дар моҳи сентябри соли гузашта бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн робитаҳои расмӣ барқарор кард. Ин ду кишвар ҳоло пас аз Миср ва Урдун кишварҳои арабие ба ҳисоб мераванд, ки бо Исроил робитаҳои дипломатӣ барқарор мекунанд. Судон ва Мағриб низ чанд ҳафта баъд  ба раванди оддисозии робитаҳо бо Исроил пайвастанд.

Расонаҳои Исроил исрори Нетаняҳу барои анҷоми ин сафарро 12 рӯз монда ба интихобот бо корзори таблиғоти сиёсии ӯ, ки раҳбари ҳизби Лику низ ҳаст, рабт медиҳанд. Расонаҳои исроилӣ навиштанд, ки Нетаняҳу барномаи сафарро қасдан ба ин таърих вогузор кард то аз он бештарин баҳраи сиёсӣ барад ва худро наҷотдиҳандаи дастоварди сулҳ бо кишварҳо муаррифӣ кунад.

Нетаняҳу ин ҳафта дар гуфтугӯ бо радиои артиши Исроил ба раъйдиҳандагон  ваъда дод, ки агар дубора интихоб шавад, созишномаҳои дигари сулҳ миёни Исроил ва дигар кишварҳо имзо хоҳад кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.