Сарвазирони Тоҷикистону Узбекистон имкони бозкушоии марзҳоро баррасӣ мекунанд

Ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Ҷаласаи комисияи байниҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои узбеки вай Абдулло Орипов роҳбарӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа имкони бозкушоии марзҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Марзи ду кишвар ба далели паҳншавии вируси корона аз миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф баста аст.

Ҳамзамон интизор меравад, дар ҷаласа тиҷорати дуҷониба, ояндаи тарҳҳои сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахши нақлиёт ва боркашонӣ баррасӣ шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.