Се нафарро барои даст доштан дар қатли Юсуф Рашидӣ дастгир кардаанд

Мақомоти интизомии Афғонистон се нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Юсуф Рашид як фаъоли шинохтаи сиёсӣ дастгир кардаанд. Фирдавс Фаромарз, сухангӯи вазорати пулиси Кобул дар ин бора рӯзи 9-уми январ хабар дод, вале на номашонро гуфт ва на гуруҳеро, ки ба он таллуқ доштаанд.

Юсуф Рашид, раиси Бунёди интихоботи озоду одилона дар Афғонистонро афроди ношинос рӯзи 23-уми декабр ҳамроҳ бо ронандааш дар дохили мошинашон дар яке аз ноҳияҳои Кобул куштанд. Ӯ ба маросими ифтитоҳи як созмони ҳомии сулҳ дар Афғонистон мерафт. Ҳеҷ гуруҳе масъулияти қатли ӯро бар дӯш нагирифтааст.

Дар як моҳи гузашта дар Афғонистон чанд хабарнигор, фаъоли маданӣ ва сиёсатмадорро куштанд ва дар замоне, ки ҳукумат ва гуруҳи Толибон барои хотима додан ба ҷанги вайронгару тулонӣ дар ин кишвар идома медиҳанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.