Се ширкат мувофиқат карданд, ки билети парвоз ба Русияро аз 500 доллар боло намефурӯшанд

Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон мегӯяд, се ширкати ҳавопаймоии русӣ розигӣ додаанд, ки аз ин пас нархи билет ба Русияро аз 500 доллар боло нахоҳанд фурӯхт. Бар асоси баёнияи Оҷонсӣ, чунин розигиро ширкатҳои   ширкатҳои “Сибир, “Уралские авиалини” ва “Ямал” додаанд.

Гарон будани нархи чиптаи парвоз ба Русия яке аз шикоятҳои асосии шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус муҳоҷирон буд. Мусофирон аз он шикоят доштанд, ки нархи билет то 15 ҳазор сомонӣ буд, ки гарон аст. Масъулини Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ пештар гуфтанд, барои поин овардани нархи билет пойфишорӣ кардаанд.

Икром Субҳонзода, директори Оҷонсӣ шоми 21-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, мусофирон аз фардо метавонанд билетҳои парвоз ба Русияро бо нархи то 500 доллар харидорӣ кунанд.

“Дар сурати мушоҳида намудани ҳолатҳои аз ҷониби нуқтаҳои чиптафурӯшӣ беасос боло бурдани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ аз нархи муқарраргардида, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои боварии 2365334 занг зананд,”-гуфт роҳбари Оҷонсӣ.

Субҳонзода ҳамчунин гуфт, мусофирон ҳангоми харидани чипта бояд расид (квитансия) талаб кунанд ва бе пешниҳоди расид, чипта нахаранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.