Сенати Қазоқистон тарҳи баҳсии қонуни заминро ба маҷлис баргардонид

Вакилони сенат ё палатаи болоии Қазоқистон ба тарҳи баҳсии қонуни он кишвар дар бораи замин тағйироте ворид карданд, ки ба иҷора додан ва ё фурухтани заминро ба шаҳрвандони хориҷӣ манъ мекунад.

Дар хабари сомонаи сенат омадааст, ки “тарҳи қонун амалан қабул шуд”, аммо “дар рафти баҳсҳо зарурати ворид кардани тағйирот ба он пеш омад”.

“Зарурат пеш омад, ки ба ду моддаи қонун – моддаҳои 48 ва 128 шарҳу илова ворид шавад”, – гуфт сенатори Қазоқистон Абдалӣ Нуралиев.

Дар ибтидои моҳи ҷорӣ палатаи болоии порлумони Қазоқистон тарҳи қонуни мазкурро ба баррасӣ гирифта буд. Қонуни нави замин дар Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, афроди бе шаҳрвандӣ ва ширкатҳои хориҷӣ фурӯхтан ва ё ба иҷора додани заминҳои кишоварзии ин кишварро манъ мекунад.

Сафархон Умаров, вазири кишоварзии Қазоқистон дар ҳузури вакилон гуфт, шартномаҳои иҷораи заминҳои кишт, ки то ин замон бо хориҷҳо баста шуда буданд, ба маҳзи ба поён расидани муҳлаташон тамдид карда намешаванд.

Ба иттилои вазир, айни замон наздики 100 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии Қазоқистон аз сӯи ширкатҳои хориҷӣ истифода мешаванд. Вазир гуфт, ки муҳлати истифодаи ин заминҳо соли 2025 ба поён мерасад. Баъдан заминҳо ба ихтиёри давлати Қазоқистон баргардонида мешаванд.

Сокинони чанд вилояти Қазоқистон дар соли 2016 зидди ба хориҷҳои додани заминҳои он кишвар эътироз карда буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.