Сенаторҳои амрикоӣ хоҳони таҳримот алайҳи бадхоҳони Навалний дар мақомоти Русия шуданд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Шаш нафар аз сенаторҳои амрикоӣ аз Ҳизби демократ ва Ҷумҳурихоҳон  ба Конгресси ИМА лоиҳаи қонунеро пешниҳод карданд, ки ки татбиқи таҳримот алайҳи мансабдорони Русияро “барои фаъолияти бадхоҳона” зидди Алексей Навалний пешбинӣ мекунад.

  • Лоиҳаи қонун таҳримҳои ҳадафмандона алайҳи мансабдорони Русияро, ки дар вайронкунии дағалонаи қонунҳои байналмилалӣ, қасди куштан тавассути аз заҳролудсозӣ ва зиндонӣ кардани сиёсатмадор ва фаъоли мубориза бо фасод Алексей Навалний даст доранд, пешбинӣ мекунад.
  • Муаллифони лоиҳа Дик Дурбин, Мит Ромни, Марко Рубио ва дигарон раҳо кардани Навалний ва дигар маҳбусони сиёсиро талаб карда, хостори таҳқиқи куштори Борис Немтсов ва таҳияи гузориш оид ба “сарватҳои шахсии Владимир Путин ва оилаи ӯ” шудаанд. Онҳо аз Олмон даъват кардаанд, ки дастгирии лӯлаи гази Nord Stream 2 даст кашад.
  • Лоиҳаи пешниҳодшуда аксари муқаррароти лоиҳаи шабеҳро, ки моҳи сентябри соли 2020 ба Конгресси ИМА пешниҳод шудааст, такрор мекунад, вале шонси амалӣ шудани он басо зиёд аст.
    Мақомоти Русия ҳанӯз дар бораи ин лоиҳа изҳори назар накардаанд, вале маъмулан инчунин амалҳоро “дахолат ба корҳои дохилии ҳукумати Русия” унвон мекунанд.
  • Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал як додгоҳ дар Масепв ҳукми шартии сиёсатмадор Алексей Навалнийро дар парвандаи Ив Роше ба ҳукми воқеиро иваз кард ва ӯро ба муддати ду солу ҳашт моҳ зиндонӣ кард, ки  вокуниши густурдаи манфӣ дар Русия ва саросари ҷаҳон дошт.

The post Сенаторҳои амрикоӣ хоҳони таҳримот алайҳи бадхоҳони Навалний дар мақомоти Русия шуданд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.