Сенаторҳои амрикоӣ хостори таҳрим барои саркӯбҳои “бевиҷдонона” дар Беларус  шуданд

13 сенатори амрикоӣ аз ҳарду ҳизби сиёсӣ қатъномаеро муаррифӣ карданд, ки ба ҷорӣ кардани таҳрим нисбати мақомоти мушаххас дар Беларус даъват мекунад. Ин таҳримҳо посух ба саркӯбҳои эътирозгарон хоҳанд буд. Ҷим Риш, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Айдаҳо ва раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат дар  изҳороте рӯзи 14-уми сентябр гуфт, ки дар Беларус мақомот “бевиҷдонона” даст ба хушунат ва саркӯб мезананд. Дар паи интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус 9-уми август мақомот гуфтанд, ки Александр Лукашенко баранда шудааст, вале мухолифон ва бисёр сокинони маҳаллӣ натиҷаҳоро тақаллубшуда меноманд. Дар сурати ҷорӣ шудани таҳрим, он дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони байналмилалии Беларус татбиқ мешавад. Дар қатънома омадааст, ки дар Беларус 7 ҳазор нафар эътирозгарон боздошт шудаанд. Дар давоми наздики 40 рӯзи эътирозҳо мақомот ҳазорҳо нафарро боздошту ҳабс карда аз хушунат кор гирифтанд.  Лукашенко ҳеҷ гоҳ ба муколама бо мухолифон розӣ нашудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.