Шӯрое дар Покистон занонро аз ҳаққи “пул гирифтану гап задан” маҳрум кард

Як шӯрои қабиласолорон дар деҳаи дурдасти Баҷовур дар Покистон омадани занон ба як марказеро манъ кардааст, ки ба модарони қашшоқ барои нигоҳубини фарзандонашон пул тақсим мекунад. Маҷлиси Ҷирга ва ё Шӯрои қабиласолорони маҳаллаи Мамунд гуфтааст, омадани занон ба Маркази некуаҳволии кӯдакон мухолифи фарҳанги мардуми ин маҳалла аст.  

Шӯро рӯзи 6-уми феврал эълон кард, ки агар ягон зан барои гирифтани кумакпулӣ ба марказ биёяд, оилаашро ҷарима мекунанд. Бар асоси қарори шӯро занони маҳалла ҳамчунин дигар ҳақ надоранд, дар барномаҳои мустақими радиоҳои маҳаллӣ ширкат кунанд, чун ба қавли аъзои шӯро дар он барномаҳо “гапҳои беадабона” садо медиҳанд.

Дар бисёре аз маҳаллаҳои қабиланишин ва дурдасти Покистон, занон иҷозаи кор ва ҳаққи танҳо берун рафтан аз хона надоранд. Ҳукумати ноҳияи Баҷовур, қарори ҷиргаро танқид карда ва гуфтааст, ки ҳаққи занонро зери по мекунад. Маркази некӯаҳволии кӯдакон дар Баҷовур, як тарҳи Бонки Ҷаҳонӣ аст ва ҳадафи он беҳтар кардани сиҳати ва аҳволи кӯдакони қашшоқ дар Покистон мебошад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.