Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ вазъ дар Белорусро фавран баррасӣ мекунад

Шӯрои СММ дар умури ҳуқуқи инсон розӣ шуд, ки масъалаи риоя шудани ҳуқуқи инсон дар Белорусро 18 сентябр ба баҳс бикашад.

Ин иқдом бо дархости Иттиҳоди Аврупо (ИА) сурат мегирад. Аз 47 узви ИА 25-тои он хостори баррасии вазъи ҳуқуқи инсон дар Белорус шудаанд. Танҳо ду кишвар зид баромадаанд.

Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ Мишел Бачелет рӯзи душанбе дар ҷаласаи шӯро дар Женева гуфт, ҳамаи хабарҳо дар бораи саркӯб, истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ, шиканҷа ва рабуда шудани иштирокдорони эътирозҳо дар Белорус бояд таҳқиқ ва дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки барои ба даст овардани розигии ом дар Белорус муколама ва ислоҳот зарур аст.

Эътирозҳо дар Белорус баъди он оғоз шуданд, ки Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар дар интихоботи президентии 9-уми август раисҷумҳур Александр Лукашенкоро дубора баранда эълом кард. Садҳо эътирозгар боздошт ва дар бораи таҳқиру шиканҷа шудани дастгиршудаҳо низ хабар дода шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.