Шӯрои амнияти СММ аз музокироти сулҳ бо Толибон истиқбол кард

Шӯрои амнияти СММ дар ҷаласаи рӯзи 15-уми сентябр бо раъйи оро қатъномаеро қабул кард, ки шурӯи музокироти сулҳи миёни ҳукумати Афғонистон  ва Толибонро истиқбол мекунад. Ин санад аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки  оташбаси доимиро риоя бикунанд. Қатъномаи мазкур, ки ҳамзамон ҳузури дафтари сиёсии СММ дар Афғонистонро як соли дигар тамдид мекунад, аз ҷонибҳои музокиракунанда хостааст, ки дар самти эҷоди эътимод ва коҳиши хушунат иқдом бикунанд. Ҳукумати Афғонистон ва муттафиқонаш – НАТО ва ИМА аз Толибон даъват доранд, ки ба оташбас розӣ шаванд, то ки баъди чандин даҳсола ҷанг дар ин кишвар сулҳ ҳукмфармо шавад. Музокироти байниафғонӣ, ки рӯзи истироҳат шурӯъ шуд, рӯзи 15-уми сентябр нахустин бор намояндагони ду ҷонибро дар як ҷаласаи мустақиме ба ҳам овард.  Толибон то кунун ба оташбас розӣ нашудаанд. Созиши ИМА ва Толибон аз моҳи феврал инчунин берун рафтани нирӯҳои хориҷӣ аз хоки Афғонистонро пешбинӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.