Шӯрои Аврупо аз Кремлин даъват кард, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалияшро иҷро кунад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Шӯрои Аврупо аз мақомоти Русияро даъават, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии худро оиди ҳуқуқи башар риоя кунанд.

  • Дар изҳороти Шӯрои Аврупо, ки бо имзои вазири  корҳои хориҷии Олмон Михаил Рот, раиси Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо Рик Демс ва дабири кулли Шӯрои Аврупо Мария Пейчинович Бурич паҳн шудааст, аз зиндонӣ кардани сиёсатмадор Алексей Навалнийро изҳори таассуф карда шудааст.
  • “Ин қарор бар асоси ҳукми ҷиноие таҳия шудааст, ки Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар онро бо даъвои Алексей Навалний аз 17 октябри соли 2017, худсарона ва ошкоро беасос ва бар хилофи моддаҳои 6 ва 7 Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ки Русия дар он узвият дорад, донистааст” – омадааст дар изҳорот.
  • Дар изҳорот инчунин аз боздошти хушунатомези эътирозгарон ва рӯзноманигорон ҳангоми гирдиҳамоиҳои ахир дар шаҳрҳои Русия изҳори нигаронӣ шудааст.
    “Озодии гирдиҳамоӣ, озодии баён, ҳуқуқ ба озодӣ ва амният ва ҳуқуқи мурофиаи одилона аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосиест, ки Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар кафолат додааст” гуфта шудааст дар изҳороти Шӯрои Аврупо.
  • Дар ин санад аз мақомоти Русия даъват карда мешаванд, ки “ҳама гузоришҳо дар бораи сӯиистифода алайҳи тазоҳуркунандагон ва рӯзноманигорони осоиштаро комилан таҳқиқ кунанд ва масъулонро ба ҷавобгарӣ кашанд, то ӯҳдадориҳои Русия ҳамчун як узви Шӯрои Аврупо иҷро гарданд”.  То лаҳзаи чопи матлаб вокуниши мақомоти Русия дар ин бора дастрас нашудааст.
  • Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси Ситодҳои Навалний Леонид Волков бо пахши як баёния аз ҷонибдорони сиёсатмадорон даъват кард, ки то баҳор аз ҳамоишҳои эътирозӣ худдорӣ кунанду нерӯяшонро зидди  “Русияи воҳид” равон кунанд, озод кардани Навалний бошад тавассути фишори байналмиллаӣ сурат хоҳад гирифт.
  • Маврид ба зикр аст, ки иҷрои қарорҳои Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар  дар ҳар яке аз 47 давлати аъзо ҳатмӣ мебошад.

The post Шӯрои Аврупо аз Кремлин даъват кард, ки ӯҳдадориҳои байналмиллалияшро иҷро кунад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.