Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов боздошт шуд

Шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматов аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Қирғизистон хабар дод.

Пештар дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон тасдиқ карданд, ки шаҳрдори пешин бозпурсӣ мешавад, вале нагуфтанд, ки дар доираи кадом парванда.

Ба иттилои расонаҳо, Суракматов дар доираи парвандаи ҷамъоварии ғайриқонунии амвол ҳамчун шоҳид ба бозпурсӣ даъват шудааст. Ӯ 20 октябри соли гузашта аз мақомаш истеъфо дод.

Азиз Суракматови 51-сола солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.