Шаҳрдори пешини Бишкек ва наздиконаш $50 млн дороӣ доштаанд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти парвандаи шаҳрдори пешини Бишкек Азиз Суракматовро шарҳ дод.

Ӯ ба ташкили нақшаи фасодкорӣ дар тақсими заминҳои пойтахти Қирғизистон барои бунёди иншооти тиҷорӣ ва баландошёнаҳои зист айбдор мешавад. Дар иҷрои нақша масъулони шаҳрдории Бишкек ва ширкатҳои бузурги сохтмонии Қирғизистон ҳам даст доштаанд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, Азиз Суракматов “бо мақсади ба даст овардани сарвати ғайриқонунӣ аз мақоми худ сӯистифода карда, ба ниҳодҳои масъули тақсими замин фишор меовардааст, то ба ширкатҳои мавриди назараш қитъаи замин диҳанд”.

“Дар натиҷаи нақшаи мазкури фасодкорӣ дороии Азиз Суракматов ва наздикони ӯ якбора афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми дороии онҳо беш аз 50 миллион доллар арзёбӣ мешавад”, – афзудааст кумита.

Шаҳрдори пешини Бишкек 26 май аз сӯи маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон боздошт шуда буд.

Азиз Суракматови 51-сола солҳои 2018-2020 шаҳрдори Бишкек буд. Дар гузашта вакили порлумони Қирғизистон низ буд. Вай 20 октябри соли гузашта дар пайи ҳаводиси моҳи октябри Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.