Шаҳрдории Тошканд аз тахриби манораҳои масҷид даст кашид

Шаҳрдории Тошканди Узбекистон 3-юми май дар пайи эътирози шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тахриби ду манораи масҷиди “Исломобод”-и ноҳияи Чилонзори пойтахти ин кишварро, ки бо пули хайрия бунёд мешавад, боз дошт.

Ба гуфтаи бинокорон, кормандони ширкати “Discover Invest”-и марбут ба шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев 1-уми май тахриби ду манораи масҷиди мазкурро оғоз карданд.

Масъулони масҷид гуфтанд, кормандони ширкат шарҳ надоданд, ки чаро манораҳои 63-метрии ибодатгоҳро тахриб мекунанд.

Намояндаи Вазорати сохтмони Узбекистон низ 3-юми май манъи тахриби манораҳои масҷидро тасдиқ кард, вале аз шарҳи сабабҳои вайрон кардани манораҳо худдорӣ кард.

​Як манбаи огаҳ аз рафти сохтмони масҷиди “Исломобод” гуфт, давоми ду моҳи ахир бинокоронро борҳо ба Вазорати сохтмони Узбекистон даъват карда, аз онҳо талаб мекарданд, ки манораҳоро тахриб кунанд.

“Вале мансабдорон дар мавриди зарурати вайрон кардани манораҳо далеле намеоварданд. Танҳо мегуфтанд, ки масҷид бояд ду манора дошта бошад. Ҳарчанд дар лоиҳаи масҷид, ки аз сӯи мақомот тасдиқ шудааст, чаҳор манора аст”, – афзуд вай.

Шаҳрдори Тошканд ҳафтаи гузашта бо бинокорони турк аз маҳалли сохтмони масҷид боздид карда буд ва баъди ду рӯз тахриби манораҳо оғоз шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.