Шаби дуюми анҷумани ҷумҳурихоҳҳо ва таблиғоти Трампу ҳамсараш

Дар шаби дуюми анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Амрико Доналд Трамп ҳам ба ҳайси президенти амалкунанда ва ҳам номзади ҳизб дар интихобот барои таблиғи номзадиаш талош кард. Мавзӯи баромади шаби дуюми ӯ “Сарзамини имкониятҳо” ном дошт ва назар ба шабе аз он, ки ба рақиби демократаш Ҷо Байден шубҳаву гумон баён кард, нармтар ва дар фазои хушҳолкунанда гузашт.  Баробар бо ин ҳамсараш Мелани Трамп дар Боғи садбаргҳои Кохи Сафед ба сокинони Амрико гуфт, ки ҳамсари президенташ “ҳеҷ гоҳ аз ҳимояти оилаҳои амрикоӣ даст намекашад”. Ӯ гуфт:

«Доналд ҳамсарест, ки маро дар ҳар коре, ки анҷом медиҳам, пуштибонӣ мекунад. Ман аз номи ҳамсар ва оилаам мегӯям, ки барои боварие, ки барои президент шудани ӯ кардед, сипосгузорам. Барои мо ифтихор аст, ки барои ин кишвар чор соли дигар хидмат кунем”.

Мелани Трамп инчунин ба мавзӯи мавриди интиқоди амрикоиҳо аз Доналд Трамп ҳам муроҷиат кард. ИМА шоҳиди бадтарин ҳолати пандемия аст ва то кунун ин вируси нав 175 ҳазор сокини Амрикоро куштааст. Худи Трамп, ки барои сиёсати муҳоҷираташ интиқод мешавад, дар як навори видеоӣ ҳозир шуд, ки дар он саҳнаи ба панҷ нафар тақдим шудани шаҳрвандии Амрико сабт шудааст. Демократҳо гуфтанд, ки аз ин чиз мутақоид нашуданд. Як намояндаи тими Ҷо Байден – Ҷеннифер Молина гуфт, ки “муҳоҷирону мардуми Амрикои Лотин чиз нестанд ва ин ҳама амалҳои беаҳамият намегузорад, ки хатоҳои пешини Доналд Трампро фаромӯш кунем”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.