Шахсеро, ки дар Париж сари як муаллимро буридааст, бо зарби тир куштаанд

Пулиси Фаронса шахсеро, ки рӯзи 16-уми октябр дар канори шаҳри Париж сари як муаллимро буридааст, бо зарби тир кушт. Ин муаллим чанде пеш ба хонандагон карикатураи паёмбари ислом Муҳаммадро намоиш дода будааст. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, ҳодисаро террористӣ тавсиф кард ва гуфт, “имрӯз як шаҳрванди мо кушта шуд, барои он ки муаллим буд ва озодии баёнро таълим медод.” Ба иттилои пулис, шахсияти ҳамлвар маълум нест ва ӯ ҳангоми амалиёти боздошт ҳадафи тир қарор гирифт. Нашрияи Le Monde хабар дод, бино ба санадҳое, ки аз ҳамлавар гирифтанд, ӯ 18-сола ва зодаи Маскав аст. Мақомоти Фаронса мунтазири дақиқ шудани ҳувияти ҳамлавар ҳастанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.