Шамил Ҳакимов ба 7.5 соли зиндон маҳкум шуд

Шамил Ҳакимов, узви созмони “Шоҳидони Яҳво”, ба 7.5 соли ҳабс маҳкум шуд. Ҳукмро додгоҳи вилояти Суғд рӯзи 10-уми сентябр дар бинои боздоштгоҳи муваққати рақами дуи Хуҷанд содир кард. Ӯро ба барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ гунаҳкор донистанд. Вале худи ӯ ин ҳукмро ноодилона хонда ва гуфтааст, “танҳо ба тарғиби ақидаҳои динии насронӣ бо роҳи осоишта машғул буд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.