Шарл Мишел бӯҳрони сиёсии Гурҷистонро ҳалшуда номид, вале як гурӯҳи мухолифон ба он ҳамроҳ нашуд

Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел эълон кард, ки бӯҳрони сиёсии Гурҷистон “хотима ёфт”, вале гурӯҳи аслии мухолифон гуфт,  то замони аз зиндон озод шудани раҳбарашон ба созиш ҳамроҳ намешаванд. Шарл Мишел рӯзи 20-уми апрел дар Тифлис буд ва рӯзе аз он пеш ҳизби ҳокими Гурҷистон ва як бахше аз мухолифон созише имзо карданд, ки ба хатми бӯҳрони чандинмоҳа дар ин кишвари қафқозӣ нигаронида шудааст.

Дар интихоботи моҳи октябри порсол ҳизби ҳокими “Орзуи Гурҷистон” ғалаба кард, вале мухолифон ба натиҷаҳои он бовар накарда натиҷаҳои маъракаро ноодилона ва тақаллубомез номиданд. Мухолифон кори парлумони навро  бо талаби баргузории интихоботи нав бойкот карданд. Шарл Мишел дар Тифлис гуфт: “Бӯҳрони сиёсӣ хотима ёфт ва акнун бояд як ҳамкории сиёсӣ барқарор шавад”. Ӯ гуфт, ки созиши мазкур роҳро барои шурӯи ислоҳот дар бахши интихобот, низоми адлия ва ҳукумати қонун  боз мекунад ва ин масоил дар робитаҳои ИА ва Гурҷистон калидӣ боқӣ мемонанд. Бар асоси ин созиш, чанд намояндаи ҳизбҳои сиёсӣ розӣ шуданд, ки ба парлумон шомил шаванд. Вале айни замон, азимтарин нирӯи сиёсии мухолифон – Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ созишро имзо накард. Саломе Самадишвилӣ, яке аз раҳбарони ин ҷунбиш ишора кард,  ки дар сурати  аз ҳабс озод шудани раҳбари ин созмон Ника Мелиа, созишро имзо мекунанд. Дар созишнома ишора шудааст, давоми ин ҳафта Мелиа метавонад бар асоси далели “сиёсатзада шудани адолат” афв ва озод шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.