Шаш муттафиқи Тесак дар кушторҳои қавмӣ гунаҳгор шуданд

Шаш муттафиқи эҳтимолии як миллатгарои ашаддии рус Максим Мартсинкевич, ки моҳи сентябр дар шароити мармуз дар боздошт даргузашт, барои куштор бар асоси бадбинии қавмии зодагони Осиёи Марказӣ гунаҳгор дониста шуданд. Сухангӯи Кумитаи тафтишоти Русия Светлана Петренко рӯзи 23 декабр гуфт, ки ин шаш нафар – Андрей Кайл, Александр Лисенков, Максим Хотулев, Павел Хрулёв-Мишкин, Алексей Гудилин ва Семён Токмаков дар шаҳрҳои Маскав, Сочи ва Тюмен дар тафтишоти муштараки ВКД ва ФСБ дар куштор гунаҳгор дониста шуданд. Петренко гуфт, ки ин шаш нафар дар миёнаҳои солҳои 2000-ум “даст ба куштори ду ва зиёда нафар бар асоси бадбинии қавмӣ” даст зада, дар кушторҳои чандин зодагони ОМ гунаҳгор мешаванд. Ӯ гуфт, ки яке аз гунаҳгорон худи Мартсинкевич буд, ки раҳбарии гурӯҳҳои ифротии ростгарои “Формат 18” ва “Реструкт”-ро ба ӯҳда дошт. Мартсинкевич 36 сол дошт ва ӯро бо лақаби Тесак ҳам бештар ёд мекарданд.  Ҷасади ӯ моҳи сентябр дар як боздоштгоҳи шаҳри Челябинск ошкор шуд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.