Шатранҷ ва хату забони форсӣ ё ин ҳарду калиди омӯзиши бозии шатранҷ аст

Бале, хонандаи гиромӣ, барои тоҷикон ва ҳама форсизабонон чунин аст. Агар хати форсӣ ва забони модарии хеш медонед, зуд шатранҷбозиро меомӯзед ва ҳатто метавонед , дар арсаи шатранҷ назар ба он ҳамсолонатон, ки хат ва забони форсӣ намедонанд, зудтар ба комёбиҳои назаррас даст ёбед.
Ин гуфтаро то ҷое дар мавриди илмомӯзӣ ва ҳам шеъру адаб ҳам метавон такрор кард. Зеро имрӯз ба хати форсӣ дар интернет ва дунёи маҷозӣ чунон маълумоти фаровон мавҷуд аст, ки ба дигар хат , аз ҷумла ба хати пириллик, яъне сириллики тоҷикӣ даҳяк ва садяки он дороии зеҳниро наметавон пайдо кард.
Ба гунаи мисол, дар интернет торнамое бо номи Ганҷур( گنجور) сохта шудааст, ки дар он ҳама осори 50 суханвари машҳури порсигӯй ҷамъоварӣ гардидааст, ки он хазинаи интернетӣ метавонад як китобхонаи бузурге гардад. Яъне, агар бо хати форсӣ ошноӣ дошта бошед, соҳиби чунин дороии ноадову пурарзиш мегардед ва бароятон то ҷое ниёзе ба ҷустуҷӯи китоб дар китобхона намемонад.
Ҳамчунин Донишномаи озоди форсӣ бо 762 ҳазор матлаб дар раддаи ҳаждаҳуми забонҳои ҷаҳон қарор дорад ва шумори матлабҳои форсӣ аз матлабҳои донишномаи озоди туркӣ ду баробар зиёд аст. Дар мавриди сафҳаҳои интернетии адабӣ, илмӣ( таърихӣ, ҷуғрофиёӣ, фалсафӣ, риёзиёт, забонпажӯҳӣ, тиббӣ, расму русум ва анъаноти мардумӣ…) низ бартарии хати форсӣ басо чашмгир аст ва инро касе медонад, ки аз ҳар ду хат огоҳ бошаду холисона ба он баҳо бидиҳад.
Чунин “тафовути раҳ бубин аз куҷо то ба куҷо” дар мавриди бозии шатранҷ низ баръало ба мушоҳида мерасад. То ҷое иттилоъ дорем, шӯрбахтона, матлабҳо дар бораи ин бозии бостониамон ва ба вижа омӯзиши бозӣ тавассути интернет ва коноли ютуби тоҷикӣ басо ночиз ва ҳатто метавон гуфт, ки комилан вуҷуд надорад. Вале ба хати форсӣ бошад, матлаб ва роҳнамоиҳову наворҳои тасвирӣ баҳрест нопайдоканор.
Ба назари инҷониб, ду омил боиси басо афзудани матлабҳо дар интернет ва сафҳаҳои маҷозӣ ва ҳам наворҳои тасвирӣ дар коноли ютуби форсӣ гардидааст. Нахуст, аз рӯзи пайдо гардидани интернет ва фейсбуку ютуб таваҷҷуҳи ашхос ва ниҳодҳои зиддахли шатранҷ ба ин бозӣ басо зиёд гардид ва ба ин васила шумори корбарони сафҳаҳои шатранҷ ба забон ва хати форсӣ дар олами маҷозӣ ба гунаи бемонанд афзоиш ёфт.

Омили дигар ва ҳамчунин басо таъсиргузор рушди шатранҷ дар кишвари Эрон аст. Ба вижа, ба арсаи шатранҷ гом ниҳодани шатранҷбозони машҳур Сороходим Ашшариа, Дурсо Дурахшонӣ ва нобиға Алиризо Фирӯзҷо шумори видеоҳоро дар Ютуби форсӣ ба маротиб афзоиш дод. Зеро ин шатранҷбозони ҷавон дар солҳои ахир ба чунон комёбиҳое даст ёфтанд, ки басо шигифтангез ва ҳайратовар буд. Аз ҷумла, Сороходим Ашшариа , нахустин бонуи эронӣ буд, ки унвони устоди бузургро ба даст оварда ва дар соли 2018 дар мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷи сареъ (рапид) ва барқосо (блитс) ду нишони нуқраро соҳиб шуда, дар ҷамъбасти ин ду мусобиқа қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Дурсо Дурахшонӣ ҳам дар мусобиқаи шатранҷбозони то 14 ва 16 сола дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 се бор унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб шуда буд. Ҳамчунин Дурсо дар 18 солагӣ унвони баланди устоди бузургро ба даст овард. Ҳоло ин шатранҷбоз дар дастаи миллии бонувони шатранҷбози Иолоти Муттаҳидаи Амрико ҳунарнамоӣ мекунад.

Комёбии Алиризо Фирӯзҷо боз ҳам дурахшонтар аст. Ӯ дар 13 ва 15 солагӣ қаҳрамони шатранҷи Эрон ва ҳанӯз дар 14 солагӣ устоди бузург гардид. Соли 2019 Фирӯзҷои 16 сола ноиб қаҳрамони ҷаҳон дар шатранҷи сареъ шуд. Дар мусобиқоти ҷаҳонии шатранҷи барқосо бошад, ӯ мақоми шашумро касб кард. Моҳи апрели соли гузашта Алиризо дар мусобиқоти интернетии шатранҷи барқосои ҷаҳон ширкат кард.
Дар ин мусобиқа 128 бозикун барои дарёфти ҷоизаи 50 ҳазор доллар зӯрозмоӣ карданд ва дар бахши ниҳоии мусобиқа Алиризо қаҳрамони ҷаҳон Могнус Карлсенро бо ҳисоби 8,5 бар 7,5 шикаст дода пирӯз шуд ва ҷоизаи аввал –14 ҳазор долларро аз они худ кард. Чунин комёбиҳои нобиғаи шатранҷ Алиризо Фирӯзҷо, ки ҳоло дар Фаронса ба сар мебараду ӯро мутахассисони шатранҷ қаҳрамони ояндаи ҷаҳон мешуморанд, басо зиёд аст ва табиист, ки дар Ютуби форсӣ низ бештари видеоҳо ба ин шатранҷбоз ихтисос дода шудааст.
Агар Шумо бо хати форсӣ ошно бошед, аз бозиҳои аҷоиби ин нобиғаи ҳамқавму ҳамзабону ҳамфарҳангамон бо қаҳрамони ҷаҳон Могнус Корлсен, суперустодҳои бузург Гарри Каспаруф, Ҳикару Нокомуро, Фобиано Коруано, Виштванатан Ананд, Сергей Карякин, Левон Аронян, Темур Раҷабуф, Дин Ли Ҷин … лаззат хоҳед бурд ва ба худ ҷаҳони наверо дар бозии шатранҷ бо истифода аз хати форсӣ ва забони модариамон боз хоҳед кард.
Ҳамчунин як бахши Ютуби форсӣ дар бораи бозиҳои қаҳрамонон ва ситораҳои тобноки шатранҷи ҷаҳон монанди Поул Мурфӣ, Вилҳелм Стейнитс, Эмонуил Лоскер, Хосе Роул Копоблонко, Алексондр Алехин, Макс Эйве, Михоил Ботвинник, Роберт Фишер, Анатолий Карпуф ва дигарон ҳикоят мекунад. Ошноӣ бо наворҳои шатранҷиҳои ҷаҳон ба забони худамон низ, бегумон, ба донишу маҳорати шатранҷбозонамон хоҳад афзуд.
Барои онҳое, ки ҳоло аз ҷозиба ва зебоии ин бозии қадимаамон огоҳ нестанд ва мехоҳанд, ки онро фаро гиранд, коноли расмии федератсиюни шатранҷи Эрон, Окодемии омӯзиши шатранҷ аз роҳи дур ва дигар торнамоҳои шатранҷи форсӣ дарсҳои ибтидоии омӯзиши шатранҷро роҳандозӣ кардаанд. Бинандагони тоҷик ва онҳое, ки хат ва забони форсиро медонанд, бо мавзуъҳое монанди пиёда ва саворҳо( муҳраҳо), қоидаҳои бозӣ, домгузорӣ ва ҳила дар бозӣ, кишт, пот, мот, қалъа рафтан, чангол дар шатранҷ, киши дугона, ҳамлаи дугона, намудҳои бозӣ (бозии дифои ситсилиёнӣ, дифои Карокан, бозии итолиёӣ. бозии испонӣ) ва ҳазору як шеваву равишҳои бозӣ ва вижагиҳои онҳо ошно мешаванд. Ҳамчунин ин торнамоҳо омӯзиши мустақими шатранҷ аз роҳи дур ва бозиҳои барқосои онлайниро ташкил мекунанд.
Барои онҳое, ки аз ин торнамоҳои форсии шатранҷ кор мегиранд, як нуктаро чун ёрӣ ба онҳо гуфтаниам. Ғолибан шореҳи Окодемии омӯзиши шатранҷ аз роҳи дур бештар шумораҳоро ба забони англисӣ ифода мекунад. Масалан, мегӯяд, асп ба хонаи с фо, яъне хонаи с чаҳор ҳаракат кард. Вале аксари шореҳони дигар дар тафсири бозиҳо ҳамон шумораи форсиро ба кор мебаранд. Алифбои шатранҷи форсӣ ҳам бар асоси хати лотин аст. Масалан, аз номи лотини муҳраҳо ҳарфи аввали он барои ифодаи номи он муҳра истифода мегардад: шоҳ К, вазир( фарзин) Q, фил B, рух R, асп N ва пиёда P.
Ҳангоми дидани ютуби форсии шатранҷ бо бисёр вожаҳои дигари шатранҷ ошно хоҳед шуд ва ҷойи вожаҳои русиеро, ки дар зеҳнатон то имрӯз мавҷуд буд, вожаҳои зебои форсӣ хоҳанд гирифт. Ба гунаи намуна, чангол, пиёдаи раванда, савор, қалъа рафтан… аз ҷумлаи чунин вожаву ибораҳо ҳастанд.
Ҳамчунин бояд зикр кард, ки дар бархе наворҳо нуктаҳои аслии бозӣ ба хати форсӣ низ ба гунаи мухтасар сабт гардидаанд ва аз ин рӯ барои онҳое, ки хати худамонро медонанд, бо истифода аз он навиштаҳо омӯзиши шатранҷ осон мегардад.
Ин аст муаррифии кӯтоҳи ютуби форсии шатранҷ. Умедворам, дар ростои ошноӣ бо ин бозии бостониамон ин навиштаҳо бароятон коргар шавад ва шумо ба забони зебои модарии худ нозукиҳои бозиро фаро гиред ва дар оянда чун Алиризо Фирӯзҷо ба пирӯзиҳои бузург даст ёбед.
Марҳабо, ба Ютуби форсии шатранҷ.
Мо дар зер торнамоҳои шатранҷи форсӣ ва барчаспи чанд бозиҳои машҳури омӯзишиву бозиҳои шатранҷбозони бузург, ба шумули Алиризо Фирӯзҷоро бароятон меорем.
1. https://www.ircf.ir/ Торнамои Федросиюни шатранҷи Ҷумҳурии исломии Эрон
https://www.aparat.com/…/%DA%A9%D8%A7%D9%86%D8%A7%D9%84… –Коноли расмии Федросиюни шатранҷи Эрон
2. http://www.chessrostami.ir/static-158.html — торнамои тахассусии шатранҷи Рустамӣ
تله ها و کیش و مات های سریع در گشایش شطرنج ـ کارو کان Талаҳо( домҳр) ва кишу мотҳои сареъ дар гушоиши шатранҷ ( бозии Кароканн)
آموزش مقدماتی شطرنج / قسمت اول Омӯзиши муқаддамотии шатранҷ ( қисмати аввал)
علیرضا فیروزجا – مگنوس کارلسن تورنومنت اینترنتی بنتر بلیتز سال 2020 | Firouzja – Carlsen 2020 Алиризо Фирӯзҷо– Могнус Корлсен бозии интернетии шатранҷи барқосо
چگونه در شطرنج پیشرفت کنیم Чӣ гуна дар шатранҷ пешрафт кунем?
تفسیر بازی علیرضا فیروزجا وفابیانو کاروانا Тафсири бозии Алиризо фирӯзҷо ва Фобиану Корувоно.
گری کاسپارف – آناتولی کارپف قهرمانی شطرنج جهان 1985 بازی اول | Kasparov – Karpov WCC 1995 G(1) Гарри Каспаруф—Анатолий Карпуф қаҳрамонии шатранҷи ҷаҳон( бозии аввал) соли 1985

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.