“Шавҳарамро баргардонед.” Кумакхоҳии ҳамсари як марди тоҷик, ки дар Қирғизистон ҳукми абад гирифт. ВИДЕО

Ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, барои озод кардани ӯ аз президент Эмомалӣ Раҳмон ёрӣ хостааст. Наргиса Ҷабборова мегӯяд, шавҳарашро “бегуноҳ” умрбод зиндонӣ карданд. Мақомот гуфтанд, барои ӯ аз Русия вакили мудофеъ меоранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.