Шавкат Мирзиёев қимати гарони билетҳои ҳавопаймоҳоро интиқод кард

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон,  гарон будани нархи билетҳои ширкати  ҳавопаймоии миллии – “Узбекистон Эйрвэйз”-ро танқид кардааст. Ӯ зимни як ҷаласае бахшида ба рушди саёҳӣ, барои арзон кардани  нархи билетҳо дастур додааст. Раиси ҷумҳурии Узбекистон ҳамчунин пешниҳод, кардааст,  ки низоми раводид ба онҳое, ки аз Узбекистон зиёд боздид мекунанд, содда карда шавад. Таваҷҷӯҳи президенти ҳамсоякишвари Тоҷикистон  ба ин масъала дар ҳолест, ки муҳҷирони тоҷик  пайваста нархҳои билетҳои ҳавопаймоҳои Тоҷикистону Узбекистонро қиёс карда мегӯянд, ширкати узбекӣ ба маротиб арзонтар аз “Сомон-Эйр”-и тоҷикист. Бахусус моҳҳои охир, ки  парвозҳои чартерӣ ташкил шудаанд, шаҳрвандони Тоҷикистон аз мақомоти тоҷик  пайваста пойн овардани нархи билетҳоро дархост доранд. Вале ширкати “Сомон-Эйр” мегӯяд, пойн бурдани нарх хароҷоти онҳоро намепӯшонад.   

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.