Шавкат Мирзиёев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ шодбош намуд

ДУШАНБЕ, 07.09.2019./ АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба унвони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номаи шодбошӣ ирсол намуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрик намуд. Дар номаи шодбошии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллии кишвар — Рӯзи истиқлол сидқан табрику муборакбодӣ менамоям!

Дар ин рӯзи хотирмон мехостам комёбиҳои арзишмандеро, ки таҳти роҳбарии Шумо дар роҳи бунёди давлатдорӣ ва ҷамъиятӣ, амалӣ гардонидани ислоҳоти созандаи иқтисодии фарогири тамоми соҳаҳо, роҳандозӣ намудани сиёсати хориҷии прагматикӣ ва таҳкими обрӯву эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба даст оварда шудаанд, махсусан таъкид намоям.

Татбиқи самарабахши барномаву ташаббусҳои муҳими иҷтимоӣ, ки мавриди дастгирии мардуми гуногунмиллати Тоҷикистон қарор дошта, аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегарданд ва баланд бардоштани сатҳу сифати ҳаётро дар ҷумҳурӣ таъмин менамоянд, шоёни баҳои баланд мебошад.

Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, ба туфайли иродаи қавии сиёсӣ, маҳорату таҷрибаи бузурги ходими давлатии Шумо имконпазир гардидаанд.

Боиси хушнудист, ки робитаҳои анъанавӣ дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории байни Ӯзбекистону Тоҷикистони ба ҳам бародар, ки решаҳояшон аз қаъри таърих маншаъ мегиранд, имрӯз низ босуръат рушд карда, дар асоси усули шарикии стратегӣ бомаром таҳким меёбанд.

Бо талошҳои муштарак мо тавонистем, ки дар таърихи муносиботи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон фасли навро оғоз намоем ва онҳоро ба сатҳи сифатан нав бардошта, бо мазмуну мундариҷаи мушаххаси амалӣ ғанӣ гардонем.

Мехостам садоқати қавии моро ба таъмиқи минбаъдаи муколамаи созанда ва тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба аз рӯи тамоми рӯзномаи ҳамдастии ҷонибҳо ба нафъи кишварҳо ва мардумонамон, ҳамчунин бар манфиатҳои сулҳу рушди устувори ҳамаи минтақаи Осиёи Марказӣ таъкид намоям.

Аз самими қалб ба Шумо, Эмомалӣ Шарифовичи азиз, саломатии бардавом, хушрӯзии оилавӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон бошад, сулҳу шукуфоӣ орзумандам».

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.