Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзи 10-уми июн бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оқои Мирзиеёвро президент Эмомалӣ Раҳмон истиқбол кард.

Манбаъ мегӯяд, ки дар фурудгоҳ миёни ду президент “мулоқоти хосае” баргузор шуд. Баъдан президенти Узбекистон аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Бӯстонсарои ҳукуматӣ дар маркази Душанбе рафт.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон беш аз 30 санад имзо шавад.

Тошканду Душанбе дар замони ҳукумати Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон, равобити хуб надоштанд. Муносибатҳо баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар соли 2016 ҳамвор шуд.

Мақомоти ҳарду кишвар мегӯянд, солҳои охир додугирифт афзуда, соли гузашта ба беш аз 500 миллион доллар расидааст.

Илова ба ин, Узбекистон кишвари аввалине буд, ки рӯзи 29-уми апрели имсол ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғистон вокуниш кард. Вазорати корҳои хориҷии он кишвар аз тарафҳои даргир хост, барои оддӣ шудани вазъ чораҳои якҷоя андешанд ва дар навбати худ ваъда дод, ки метавонад барои ҳарчи зуд ҳал шудани вазъ ёрӣ расонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.