Шервони Умриддин

Рӯзноманигор, сухангӯи касбӣ ва муҳаққиқи ҷавон.

Шервони Умриддин 31 – уми июли соли 1991 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 – и ба номи Шариф Бозорови деҳаи Рукнобод гирифтааст.

Соли 2009 бо қасди журналист шудан ҳуҷҷатҳояшро ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорида, онҷоро соли 2014 бо баҳои хубу аъло ба итмом мерасонад.

Моҳи ноябри соли 2014 ба курсҳои кӯтоҳмуддати семоҳаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуда, моҳи феврали соли 2015 курси пурраи баҳисобгирии бухгалтериро аз рӯйи касби муҳосиб хатм кардааст.

Шервон аз хурдсолӣ маҳорату ҳунари аксбардорию наворбардорӣ дошт. Ӯ аз синфи панҷ то синфи ёздаҳ дар зодгоҳаш – деҳаи Рукнобод дар тӯю сур ва дигар маъракаҳои хонаводагӣ, аз қабили ҷашни мавлуд ва ғайра ба аксбардорию наворбардорӣ машғул будааст.

Замони донишҷӯӣ бо Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, рӯзномаю ҳафтанома ва маҷаллаҳои хусусиву давлатии кишвар ҳамкорӣ дошта, чандин сюжету мақолаҳо ба нашр расонидааст.

Аз соли 2012 узви Конфедератсияи байналмилалии Иттифоқҳои журналистӣ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Соли 2014 пас аз хатми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, барои кор дар Оҷонсии иттилоотии  TojNews ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” – и Созмони ҷамъиятии “Индем” ба ҳайси хабарнигор ҳудуди як сол фаъолият кардааст.

Аз моҳи ноябри соли 2015 то моҳи феврали соли 2017 ба ҳайси сухангӯи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Зимни кор дар ин ниҳод ӯ яке аз пуркортарин сухангӯёни ҷавони идораҳои давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ки  расонаҳои хусусиву давлатӣ доимо дар иртибот буда, масоили марбут ба фаъолияти Академияи миллии илмҳоро дар матбуот пӯшиш медод. Маҳз дар давраи кори ӯ сомонаи Раёсати Академияи миллии илмҳо хеле фаъол гардида, яке аз сомонаҳои пешқадами соҳаи илми тоҷик ба ҳисоб мерафт.

Аз моҳи феврали соли 2017 саркитобдори шуъбаи иттилоотрасонии Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – масъули сомонаи ниҳоди мазкур ва ҳамчунин масъулияти муҳаррири сомонаи факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “www.journalism.tnu.tj” – ро бар ӯҳда дошт.

Аз сентябри соли 2018 то сентябри соли 2019 ба ҳайси сармутахассиси табъу нашр дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собити назди Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Беш аз 200 матлабаш аз солҳои аввали донишҷӯӣ то имрӯз дар  “Нигоҳ”, “Фараж”, “Самак”, “Тоҷикистон”, “Озодагон”, “Пайкон”, “Миллат”, “Ҳафта”, “Дишидак”, “Рӯзгор”, “Импулс”, “Пайк”, “СССР”, “Имрӯз – News”, “Asia – Plus”, “Чархи гардун”, “Боргоҳи сухан”, “Нури зиндагӣ”, “Овоза ва ҳақиқат”, “Зан ва мард”, “Ману ту”, “Оила”, “Даво”, “Ҷумҳурият”, “Ба қуллаҳои дониш”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Паёми Душанбе”, “Минбари халқ”, “Мароми пойтахт”, “Ҳақиқати Суғд” ва “Зарафшон” – и кишвар ба чоп расидаанд.

Шервони Умриддин дар баробари фаъолиятҳо, ҳамзамон дар тренингу семинар ва омӯзишҳои Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон”, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти кушода” – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии “Созмони рушди журналистони ҷавон”, Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ва Фонди ҷамъиятии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” барои баланд бардоштани маҳорати касби журналистиаш ширкат карда, соҳиби чандин сертификату гувоҳномаҳо шудааст. Айни ҳол низ ба такмили дониш ва таҳқиқи илмӣ машғул буда, аспиранти факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Аз декабри соли 2020 то имрӯз сухангӯи Бемористони байналмилалии Ибни Синои шаҳри Душанбе мебошад. Оиладор аст.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.