Шиддатёбии ихтилофҳои Қирғизистон ва  Centerra Gold барои назорат аз кони Қумтор  

Дар Қирғизистон  ихтилофҳо барои  назорат аз болои Кони Қумтор пуршиддат мешавад. Ахиран як комисссиюни давлатӣ пешниҳод кардааст, ки назорати ин кон муваққатан аз дасти ширкати канадаии Centerra Gold ба ҳукумат гузарад. Дар навбати худ, Centerra Gold гуфт, ки аз болои Бишкек барои талоши дубораи миллисозии ин ширкат ба додгоҳ шикоят кардааст. Қумтор яке аз калонтарин конҳои тилло дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Оқилбек Ҷабборов, раиси комиссиюни давлатии Қирғизистон рӯзи 17-уми май гуфт,  аъзои ин ниҳод ба хулосае омаданд, ки бо сабаби “фасод ва вайрон кардани қоидаҳои амниятиву муҳитзистӣ” созиши ба ихтиёри Centerra Gold додани кон бояд бекор шавад. Оқилбек Ҷабборов гуфт: “Комиссиюни давлатӣ ошкор кард, ки созишномаҳои дар солҳои 1992, 2003, 2009 ва 2017 имзошуда дар заминаи фаъолияти Қумтор ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Қирғизистон нест. Онҳо меъёрҳои марбут ба ҳифзи тамомияти арзии Қирғизистонро вайрон мекунанд ва бар пояи ғаризаҳои фасодкоронаи мақомоти вақт имзо шудаанд”.

Ин изҳорот як рӯз баъди он пахш шуд, ки ширкати канадаии Centerra Gold алайҳи Бишкек ба додгоҳи мунсифа шикоят карда қонунгузории ахиран қабулшуда дар бораи  муваққатан зери назари давлат гузаштани кони тиллоро ба чолиш кашидааст. Дар шикоят ширкат гуфта шудааст, ки ин қонун “фазои сармоягузорӣ” дар заминаи истихроҷи тиллоро вайрон мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.