Шикояти маҳбуси якумрии қирғиз аз бадрафтории сардори зиндон

Ҳомии ҳуқуқи маҳкум ба ҳабси якумрии Қирғизистон Азимҷон Аскаров ба Комиссари олии ҳуқуқи инсони СММ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ин кишвар ва маркази Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Бишкек номаи боз навиштааст. Номаро раҳбари бунёди ҷамъиятии “Voice of Freedom” Абдумомун Мамараимов дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард.

Аскаров дар ин номааш аз муносибати сардори зиндони рақами 19-и Қирғизистон Н. А. Труспеков шикоят карда, гуфтааст, ки Труспеков вохӯриҳои ӯро бо наздиконаш маҳдуд карда, зуд-зуд вайро ба утоқи ҷаримавӣ интиқол медиҳад ва талаби пардохти нафақаро, ки қонун муайян кардааст, рад мекунад.

“Дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Қирғизистонро ба иҷрои дархости Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ барои озодии фаврии ман даъват доранд, сардори зиндони рақами 19 маро таҳқир карда, намегузорад, ки бо наздиконам мулоқот кунам”,-навиштааст Аскаров.

Азимҷон Аскаров баъди ҳодисаҳои моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо дар ҷануби Қирғизистон ва иштирок дар куштори корманди милиса боздошт шуд. Бо қарори тамоми зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки парвандаи Аскаровро бозбинӣ кунанд. Додгоҳ 24 январи соли 2017 ҳукми зинаҳои поёниро бетағйир боқӣ гузошт.

Ҳашт созмони ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch ва Civil Rights Defenders дар арафаи сафари Федерика Могеринӣ, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ ба Қирғизистон аз ӯ даъват карданд, ки аз мақомоти Бишкек озодии фаврии Азимҷон Аскаровро дархост кунад.

Могеринӣ баъди мулоқот бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Бишкек дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, “ҳамаи мавзуъҳои марбут ба Аскаров дар ҳоли баррасӣ аст”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.