Шикояти муштариҳо аз боло будани нархи билетҳои “Сомон-Эйр”

Дар ҳоле, ки Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон ширкатҳои русии ҳавоиро ба поён бурдани нархи парвозҳо водор мекунад, корбарони Радиои Озодӣ аз гаронии нархи билетҳои ширкати “Сомон-эйр” шикоят доранд. Мусоҳибони Озодӣ аз шаҳри Панҷакент бо ирсоли навор гуфтанд, ки ширкати “Сомон-эйр” барои сафар ба Русия нархи билетҳоро аз 10 ҳазор сомонӣ ба боло пешниҳод дорад. Ба қавли онҳо, то 7-уми июн ҳамаи билетҳои ширкат ба ин хатсайр фурӯхта шудаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нархи расмии билети парвози мунтазам ба Русия беш аз 4 ҳазор сомонӣ ва парвозҳои чартерӣ на бештар аз 8,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Парвозҳои мунтазамро “Сомон-Эйр”ва “UTair” анҷом медиҳанд. Ҳафтаи гузашта Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон бо сабаби гарон фурӯхтани билетҳо парвози ду ширкати русии “Северный ветер” ва “Сибир”-ро манъ кард ва бо ин боиси саргардонии садҳо мусофирон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон шуд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.